Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои даҳсолаҳои оянда афзоиши муҳоҷирати корӣ дар қитъаи Осиёро пешгӯӣ кардааст.

Ин бонк дар гузориши ахири худ мегӯяд, дар даҳсолаҳои оянда тағйири иқлим зоҳиран ба муҳоҷирати корӣ дар қитъаи Осиё таъсир хоҳад дошт. Ин дар ҳолест, ки ба гузориши бонк, дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар Осиё дар ду даҳсолаи ахир бештар аз 42 миллион нафар бе ҷои зист монда, рӯ ба муҳоҷират овардаанд.

Дар гузориши Бонки Осиёии Рушд омадааст, танҳо дар соли 2010 беҷошудагон 30 миллион нафарро ташкил додаанд. Аксари онҳо дар пайи вайронкориҳои сел аз хонаву дари худ комилан маҳрум шудаанд. Чунин селобҳо бештар дар Покистону Чин пайомадҳои харобиовар доштааст. Бино ба пешгӯии БОР, интизор меравад, дар оянда коҳиши ҳосили заминҳо, камбуди об ва биёбоншавӣ дар бисёре аз қисматҳои Осиё ба афзоиши муҳоҷират таъсир расонад. Солҳои ахир ин минтақа шоҳиди бӯҳронҳои харобиовари зистмуҳитӣ будааст ва мушкили об дар он нақш доштааст.

Масалан, коҳиши оби баҳри Арал дар натиҷаи сарфи бештари оби ду рӯдхонаи аслӣ, яъне Сирдарё ва Амударё, ки ба Арал мерезад, ба иқлими минтақа таъсир гузоштааст. Дар оғози ҳазораи кунунӣ хушксолӣ ва тағйири иқлим сабаб шудааст, ки 250 ҳазор нафар ё тақрибан 20 дарсади аҳолии ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон, воқеъ дар соҳили ҷанубии баҳри Арал, дар ҷустуҷӯи кори беҳтар ба Қазоқистон ё ба Русия муҳоҷират кунанд.

Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, камбизоатӣ ва мушкилоти умури идорӣ як ҷо бо офатҳои табиӣ, аз қабили хушксолӣ, кам шудани ҳосили заминҳо ва таъмин набудани амнияти ғизоӣ, аҳолии минтақаро бештар осебпазир хоҳад кард. Гузориш ёдовар мешавад, ки дар Қароқалпоқистон назархоҳие анҷом гирифтааст ва тақрибан нисфи назардодагон гуфтаанд, ба сабаби бад будани шароити иқлимӣ онҳо мехоҳанд ба ҷойи дигар муҳоҷират кунанд. Дар бисёре аз минтақаҳои Осиёи Марказӣ аҳолӣ дар ҷойҳое ба сар мебарад, ки дар оянда хатари камобӣ ва тағйири иқлим ба зиндагии онҳо таъсир хоҳад дошт.

Дар Қазоқистон, ки кишвари пешрафтаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, хушкӣ ва биёбоншавӣ хатари аслӣ ба шумор меравад. Хушкӣ ононеро ба муҳоҷират водор хоҳад кард, ки дар манотиқи дурафтода ба сар мебаранд ва ба кишоварзӣ машғуланд.

Бар асоси гузориши Бонки Осиёии Рушд, вазъ дар Тоҷикистон аз ҳамсоягони поёнобаш фарқ дорад. 95 дарсади маҳаллаҳои зист дар соҳаи хатари селобҳо ҷой гирифтаанд. Ба ин маҳалҳо ҷоришавии селоб, лағзиши теппаҳо, олудашвии об бо ҳар гуна намакҳо ва ҳатто биёбоншавӣ таҳдид мекунад. Гузашта аз ин, ҳамвора боло рафтани ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон сабаби обшавии пиряхҳои мавҷуда ва коҳиши масоҳати онҳо хоҳад шуд. Чунин раванд оби рӯдхонаҳоро то 30 дарсад метавонад коҳиш диҳад.

Ҳар сол аз кишварҳои Осиёи Марказӣ садҳо ҳазор нафар дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷ, ба вижа ба Русия, мераванд ва муҳоҷирон бо пулҳои фиристодаи худ дар рушди кишварҳои худ нақши муассир доранд. Гузориши БОР ҳамчунин аз ҳукумати кишварҳои минтақа хостааст, ки онҳо бо назардошти тағйири иқлим ва афзоиши муҳоҷирати корӣ бояд барномаҳои худро таҳия кунанд ва тадбирҳои зарурӣ андешанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 1990 Аҳдномаи байнулмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва аъзои хонаводаи онҳоро имзо кардаанд. Баррасии ин аҳднома дар Қазоқистон идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG