Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҷойгоҳи диаспораи тоҷик дар Русия


Ҳамоиши диаспораи тоҷик дар Санкт-Петербург, 28-уми феврали соли 2012.
Ҳамоиши диаспораи тоҷик дар Санкт-Петербург, 28-уми феврали соли 2012.

Дар Русия гурӯҳи омӯзиш ва дидбонии вазъи диаспораҳои миллӣ таъсис ёфт.

Дар Маскав таҳти унвони «Диаспораи тоҷик: нерӯи иқтисодӣ ва фарҳангии Русия» гуфтугӯи сари мизи мудаввар баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш, ки бо ташаббуси бунёди байнулмилалии «ОКА», гурӯҳи минтақаии ҷунбиши «Интернациональная Россия» ва ҳафтаномаи «Российские вести» баргузор шуд, намояндагони дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия, Шӯрои Федерасюни Русия, чеҳраҳои саршноси ҷомеа, донишмандону коршиносони рус ва хориҷии муҳоҷират, намояндагонин созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ширкат карданд.

Ҳамон гуна ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, дар паёму натиҷагириҳои худ раиси Шӯрои нозирони Пажӯҳишгоҳи нуфусшиносӣ, муҳоҷират ва рушди минтақаӣ Юрий Крупнов, мудири бунёди рушди равобити байнулмилалии «Добрососедство», Юрий Московский, ҳамоҳангсози масоили муҳоҷират ва диаспораҳо дар ҷунбиши «Интернациональная Россия», сиёсатшиноси машҳури беларус Юрий Шевцов, раиси созмони «Нур» Боғшо Лашкарбеков, раҳбари маркази «Муҳоҷират ва қонун» Гавҳар Ҷӯраева, раиси Маркази фарҳангии тоҷикон Хуршеда Ҳамроқулова, сарвари созмони «Ватан» Ҳоким Муҳаббатов ва дигарон масъалаҳои асосии марбут ба муҳоҷирони тоҷик дар Русияро баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод карданд.

Ширкаткунандагони ҳамоиш қарор карданд, дар ҳайати гурӯҳи минтақаии ҷунбиши «Интернациональная Россия» маҳфили доимии коршиносони марбут ба диаспораҳои миллии Русияро таъсис диҳанд. Ин ниҳод қарор аст, бо ҷалби коршиносон аз ИДМ вазъи муҳоҷиронро баррасӣ ва натиҷагирӣ кунад. Ҳамчунин қарор аст, дар пайванд бо ин ниҳод маҳфили журналистоне таъсис дода шавад, ки масъалаҳои муҳоҷират ва ҳаёти диспораҳо дар Русияро беғаразона бозтоб диҳад. Қарор шуд, ниҳоди мазкур фаъолияти худро аз баррасии диаспораҳои тоҷик дар Русия оғоз намояд.
XS
SM
MD
LG