Пайвандҳои дастрасӣ

Ошиқи ноком маҳбубаашро кушт ва худ заҳр хӯрд


Билети донишҷӯии Қурбонмад Тӯраев.

Билети донишҷӯии Қурбонмад Тӯраев.

Пизишкони бемористони Қӯрғонтеппа натавонистанд духтараки ноболиғеро, ки аз дасти як ошиқи ақлбохта захмӣ шуда буд, наҷот диҳанд.

Қурбонмад Тӯраеви 21-сола дар заминаи рашк ва ишқи беҷавоб ба сару бадани Насиба Нуроваи 14-сола 13 корд зад.

Қиссаи ишқи нокоми донишҷӯписари деҳотӣ ба духтари мактабхони шаҳрӣ тамоми ҷомеаро такон дод ва мавзӯи рақами аввали сӯҳбатҳо дар кӯчаву бозорҳо шуд.

Эраҷ Ғуломов, муфаттиши парвандаи мазкур аз Додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, ин ҳодиса ҳангоме ки рух додааст, ки Насиба ҳамроҳи ҳамсабақаш ба дабистон раҳсипор будааст: «Субҳи 7-уми март, соати 7:30 Нурова Насиба ҳамроҳи ҳамсинфаш ба сӯйи мактаби таҳсилоти Эраҷ Ғуломов, муфаттиши парвандаи мазкур аз додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа

Эраҷ Ғуломов, муфаттиши парвандаи мазкур аз додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа

миёнаи умумии №3-и ш.Қӯрғонтеппа равон мешаванд, аммо шаҳрванд Тӯраев Қурбонмад, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ пеши роҳи онҳоро гирифта, аз нокомии ишқу муҳаббат ва ҳиссиёти рашк бо корди бо худ нигоҳдошта дар бадани ноболиғ Нурова Насиба 12-13 маротиба мезанад, ки дар натиҷаи ҷаҳоратҳои вазнини ҷисмонӣ вай мефавтад…»

Дар пайи куштори Насиба, Қурбонмад аз маводи заҳрогине, ки тавлиди Хитой будааст, истеъмол кард ва пас аз соате дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз дунё гузаштааст. Ҳанӯз таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад, аммо муфаттишон мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ин фоҷиа танҳо марбути ишқи ноком аст, ки ҷавонро қотилу духтарро қубонӣ кард.

Муфаттишон баъди ошноӣ бо дафтари хотираи Қурбонмад ба ин хулоса расидаанд, ки ҷавон фикри куштани духтари дӯстдоштаашро аз қабл дар сар доштааст. Як рӯз пеш аз ҳодисаи қатли Насиба, Қурбонмад дар ин дафтараш ин андешаҳояш сабт кардааст:

«…Дар ин кор касе гунаҳкор нест. Гунаҳкор манам, ки ба ӯ дил бастам. Гунаҳкори дуюм худи Насиба аст, ки дар аввал гуфт, ки маро дӯст дошт, аммо баъд фиреб доду дурӯғ гуфт. Ба гапи дигарон даромад ва фаромӯш кард, ки ӯро бо тамоми ҳастиам дӯст медоштам. Ӯро ба роҳи рост ҳидоят кардам. Ҳоло аз ин ҳодисе, ки бояд рух Дафтари ёддоштҳои Қурбонмад Тураев

Дафтари ёддоштҳои Қурбонмад Тураев

диҳад, касе бохатар нест. Хуллас, агар ҳар коре шуд, танҳо худи ман гуноҳ дорам, на каси дигаре. Хайр, барқ хомӯш шуд, дигар навишта наметавонам. Давомашро Худованд медонад…»

Муфаттиши парванда мегӯяд, ки Қурбонмад нафари солим буд. Вай дар курси сеюми факултаи иқтисодии донишгоҳи Қӯрғонтеппа таҳсил мекард, аммо ҷинояташ дар ҳолати бехудӣ содир шудааст, чун эҳсоси рашк дар лаҳзаи ҷиноят ақлашро тира карда буд.

Момагул, аз пайвандони наздики Қурбонмад, дар як тамоси телефонӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, вай ҷавони хушодоб буду дар хонаводаи солим ба воя расидааст. Ӯ гуфт, волидони Қурбонмад аз қиссаи ишқи нокоми писари худ огоҳ набуданд:

«Падари Қурбонмад ба хотири ин ки писараш хуб таҳсил кунад, дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буд ва барои Қурбонмад маблағ мефиристод, то дар таҳсилаш душворӣ накашад. Бехабар буд аз азму кору таҳсили фарзанд. Қурбонмад ҳамон духтаракро дӯст дошта, ба назди волидони ӯ рафта, гуфтааст, ки хостгорҳоро мефиристад. Аммо волидони духтар розӣ нашуда гуфтаанд, ки Насибаро барои бачаи деҳотӣ ҳаргиз нахоҳанд дод. Баъд аз ин Қурбонмад духтарро ба мулоқот хонда, аз ҳисси рашк корд задааст…»

Дар ҳоле ки волидони Насиба, ноболиғи кушташуда аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ карданд, яке аз пайвандони ин хонавода гуфт, Қурбонмад пайваста ба хонаи Насиба занг задаву таҳдид мекардааст. Волидони Насиба ба додситонии Қӯрғонтеппа муроҷиат карда, хостори чораандешӣ шудаанд, аммо масъулони додситонӣ шикояти онҳоро ҷиддӣ нагирифтанд ва аз пайи татбир нашуданд. Ин ҳол дар ниҳоят боиси марги Насиба гаштааст.

Аммо додситонӣ ин иддаоро рад мекунад. «Тамоми арзу шикояте, ки ба додситонӣ мерасад, ҷиддан мавриди таҳқиқ қарор мегирад, ин овозае беш нест, ки гӯё додситонӣ арзи волидони Насибаро ҷиддӣ нагирифта бошанд», - гуфт Эраҷ Ғуломов, муфаттиши парвандаи қатли Насиба.

Ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи Насибаи 14-сола дар миёни сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии атроф сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард:
Саломат Эргашева, муовини сарвари мактаби №3-и Қӯрғонтеппа:

«Худи ман ҳам ду духтар дорам, ки дар ҳамин мактаб таҳсил мекунанд. Албатта, ҳамчун модар барои амнияти онҳо нигарон ҳастам, аммо умед дорам, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз мавридҳои ҳамла ба духтарон пешгирӣ мекунанд. Зеро бисёре аз волидон ҳоло ба таҳлука афтодаанд. Мо дар мактаб чораҳои амниятиро андешидем, бо духтарони синфҳои болоӣ сӯҳбатҳои алоҳида гузаронидем. Воридшавии одамони бегона, хусусан ҷавононро ба мактаб манъ намудем…»

Исмоили Раҳим, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа: «Ҳамон бачае, ки заҳр хӯрда, фавтид, дар наздикии хонаи мо ҷасадашро пайдо карданд. Аз кисааш мактубе пайдо намуданд. Прокурорҳо онро гирифта хонданд, ки барои духтареро дӯст доштану ӯро куштанаш вай ҳам худашро ба қатл расонидааст…»

Зиёда Муҳиддинова: «Хеле тарсидем аз ин ҳодиса. Ҳоло фарзандон, ҷиянҳоро сахт таъкид кардем, ки дар роҳҳо ҳушёр бошанд, бо ҷавонони ношинос робита накунанд. Барои духтаронам, ки дар мактаб мехонанд, ҳамроҳ гирифтани телефони мобилиро манъ кардам. Акнун интизор нишастаам, ки кай аз мактаб бармегарданд. Воқеан, дар ташвиш ҳастам…»

Дилором Саломова: «Ба ҷавонону духтарони имрӯза чандон боварӣ нест. Сахт гап занӣ, қаҳр карда, аз хона баромада мераванд. Эрка кардан ҳам намешавад. Чӣ кор кунем, ки бо духтарони мо чунин ҳодиса рӯй надиҳад, намедонам…»

Абдусамад Иброҳимов, мудири мактаби рақами 3-и шаҳри Қӯрғонтеппа

Абдусамад Иброҳимов, мудири мактаби рақами 3-и шаҳри Қӯрғонтеппа

Абдусамад Иброҳимов, мудири мактаби рақами 3-и шаҳри Қӯрғонтеппа, таълимгоҳе, ки Насиба Нурова дар он дар синфи 8-ум таҳсил мекард, мегӯяд, ки Насиба аз шогирдони фаъоли ин мактаб буд. Ҳарчанд бо баҳои хубу миёна таҳсил мекард, аммо ҳамеша дар умури ҷамъиятӣ иштироки фаъол дошт. Ба гуфтаи мудири мактаб, Насиба дар рӯзи Наврӯз – 21-уми март ба 15-солагӣ мерасид ва ният дошт, ки дар чорабинии наврӯзӣ дар мактаб рақси бадахшониеро барои ҳамсабақону устодонаш тақдим кунад. Аммо акнун устодону муҳассилини ин мактаб моил нестанд, ки дар ғайби Насибаи марҳум Наврӯзро дар мактаби худ таҷлил кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG