Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввал никоҳи расмӣ, баъд мусулмонӣ


Дар вилояти Хатлон 16 мавриди издивоҷи духтарони ноболиғ бо шиносномаҳои тақаллубӣ ошкор шудааст.

Саодат, сокини ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ва аз ҷумлаи даҳҳо духтаронест, ки бо шиносномаи қалбакӣ, иҷборан ба шавҳар дода шудааст.

Бар пояи қонун, шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо дар сурати расидан ба 18-солагӣ ҳуқуқи издивоҷ пайдо мекунанд. Аммо дар музофоти кишвар мавридҳое ҳам зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки волидон барои духтарони ноболиғи худ шиносномаи қалбакӣ гирифта, дар он синни духтарро болиғ нишон медиҳанд, то мақомоти расмӣ никоҳи ӯро сабтином кунанд.

Саодат ҳам бар рағми хоҳишу орзуҳояш ба шавҳар баромада, ҳоло шиква дорад, ки зиндагияш осоишта ва таъмин нест. Ӯ мегӯяд, "ноболиғ будам, ки волидонам маро маҷбуран ба як ҷавоне, ки барояшон маъқул будааст, ба шавҳар доданд. Ман розӣ набудам. Ба зиндагӣ омода набудам, баъзан корҳои хонаро дуруст иҷро карда наметавонистам, бинобар ин аз хушдоманам доим "гап мешунидам". Ҳоло як фарзанд дорам, аммо ҳеҷ нест, ки ҷанҷоли мо поён ёбад."

Саодат Амиршоева
Саодат Амиршоева
Ба иддаои таҳлилгарон, никоҳҳои барвақтӣ дар аксар маврид ба вайроншавии оилаҳо ва болоравии сатҳи бедонишию камбизоатӣ дар ҷомеа оварда мерасонад. Саодат Амиршоева, узви порлумони Тоҷикистон мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши мизони азҳампошии хонаводаҳо ва ноомодагии ҷисмонию зеҳнии ҷавонон чунин зарурат пеш омадааст, ки синни никоҳӣ дар Тоҷикистон болотар аз 18-солагӣ муқаррар гардад.

Хонум Амиршоева мегӯяд, "аз таҷрибаи зиндагии садҳо ҷавондухтар, аз ҷумла фарзандони худам, ки барвақт ба шавҳар дода будам, мебинаму хулоса мекунам, ки духтарон бояд нахуст маълумоти олӣ дошта бошанд. Ҳунар дошта бошанд, ҳурмату иззатро ёд гиранд, дар зиндагӣ мустақил буда тавонанд. Пас аз он ба шавҳар бароянд, то ки дар зиндагиашон ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо шавад, бо шавҳару хушдоманашон муносибати хуб сохта тавонанд."

Ин узви порлумони Тоҷикистон илова кард, ки қасд дорад, то чанд соли оянда мавзӯи то 20-солагӣ боло бурдани синни никоҳӣ дар кишварро ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кунад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти вилояти Хатлон барои ҷилавгирӣ аз никоҳҳои барвақтӣ аз усулҳои гуногун кор мегиранд. Масалан, ҳукумати ноҳияи Қумсангир, ноҳияе дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, муллоҳои маҳаллиро ҳушдор додаанд, ки аз никоҳи духтарони ноболиғ даст бикашанд. Наргис Ниёзмамадова, муовини раиси ноҳияи Қумсангир, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ, гуфт, домуллоҳо ҳар ҳафта ба ҳукумати маҳаллӣ гузориш медиҳанд, ки киро ва дар кадом шароит никоҳ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, домуллоҳо дастур гирифтаанд, қабл аз адои маросими никоҳи исломӣ аз арӯсу домод нусхаи қайди давлатии никоҳашонро бипурсанд.

"Дар ноҳияи мо муллоҳо арӯсу домодро пеш аз қайди никоҳи давлатӣ дар шӯъбаи САҲШ никоҳи мусулмонӣ намекунанд. Агар домуллоҳо бе иҷозати ҷамоати деҳот ва бе ЗАГС онҳоро никоҳи мусулмонӣ кунанд, ба муҷозот кашида хоҳанд шуд. Мо ҳар ҳафта домуллоҳоро ба ҳукумат даъват мекунем, то аз фаъолияти худ гузориш бидиҳанд",-гуфт ин масъули ҳукумати ноҳияи Қумсангир.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар вилояти Хатлон 16 мавриди бо шиноснома ё паспортҳои қалбакӣ издивоҷ кардани духтарони ноболиғи аз 14 то 16-сола ошкор шудааст. Умаралӣ Мирзомиддинов, корманди масъули раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, мегӯяд, нисбат ба волидони ин 16 духтари ноболиғ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Аммо дар музофот, ба иддаои коршиносон, никоҳҳои барвақтӣ дар асл бамаротиб бештар аз ин 16 ҳодисаи ошкоршуда сурат мегиранд.
XS
SM
MD
LG