Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони ҳукумати Суғд мегӯянд, кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон бояд ба мушкили сокинони "анклав"-ҳо расидагӣ кунанд.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, дар ҷаласаи Душанбе аз ҷониби Узбакистон дархост хоҳад кард, ки барои равуои озоди сокинони "анклав" ё ҷазирақаламравҳо дар шимоли Тоҷикистон мусоидат кунанд.

Вай афзуд, ин гуна ҷазирақаламравҳо дар се ноҳияи шимоли Тоҷикистон -- Ашту Конибодом ва Шаҳристон вуҷуд доранд. Ба гуфтаи ҷаноби Сангинов, мушкили аслии сокинони ин "анклав"-ҳо надоштани роҳ ба хориҷ аз маҳалли зисташон мебошад.

Муовини аввали раиси вилояти Суғд ин масъаларо дар намунаи деҳаи Cарваки Болои ноҳияи Ашт чунин баён кард: "Роҳи аслии иртиботии миёни Сарваки Боло ва маркази маъмурии ноҳияро, ки тақрибан 10 километр тӯл дорад, ҷониби Узбакистон соли 2010 баста, посгоҳ гузошт. Сокинон маҷбуранд барои ба қаламрави Тоҷикистон даромадан ҳудуди 50 километр аз гузаргоҳи расмии Навобод роҳро тай намоянд."

Ҷумъабой Сангинов

Ҷумъабой Сангинов

Ҷаноби Сангинов афзуд, ахиран як гурӯҳи корӣ ба ин деҳаи дурдасти Суғд рафта, бо сокинони он рӯбарӯ мулоқот ва бо мушкилоти онҳо аз наздик ошно шудааст. Ҳамчунин, дар ин сафар мақомот ба сокинони ин деҳаи наздимарзӣ, ки бештар аз 500 нафаранд, чанд тонна маводи ғизоӣ ва дорувор ва миқдоре масолеҳи сохтмонӣ низ дастрас кардаанд.

Дар ноҳияҳои Конибодом ва Шаҳристон низ сокинони "анклав"-ҳои тоҷикӣ бо чунин душворӣ ба маҳалли зист ё замини худ ворид мешаванд. Узбакистон талош дорад, то ин қаламравҳоро, ки ҳанӯз аз замони Шӯравӣ дар тобеияти маъмурии Тоҷикистон мебошанд, аз они худ бикунад. Зафар Собиров, раиси ҷамоати Пунуки ноҳия Ашт, ки деҳаи Сарваки Боло таҳти тобеияти маъмурии он қарор дорад, ба "Озодӣ" гуфт, сокинони ин ҷазирақаламрав ё "анклав" як талаби асосӣ доранд: "Ҳадди ақалл як раҳрав (коридор)-и хурд дар ихтиёри мо мегузоштанд, ки бе мушкил равуо кунем. Аммо ҳозир роҳи мо ба Тоҷикистон тамоман баста аст."

Ин мусоҳиби мо афзуд, ду моҳ қабл гурӯҳи марзбонҳо ва низомиёни узбак ба деҳаи Сарваки Боло дохил шуда, як сокини он Ҳамзаалӣ Хидировро гӯиё барои марзшиканӣ дастгир карда, бо худ бурдаанд. То ҳанӯз ҷониби Узбакистон аз сарнавишти ин шаҳрванди Тоҷикистон дарак надода ва ҳамсару наздикони ӯ ҳам натавонистаанд ба вилояти Намангон рафта, аз ҳоли Хидиров огоҳ шаванд.

То ҳол кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон дар таъйини 80 дарсади хатти марз даст ёфта, аммо дар таъйини 20 дарсади он миёни ҷонибҳо ҳанӯз мувофиқа ҳосил нашудааст. Аммо дар фосилаи миёни ҷаласаҳо Тоҷикистону Узбакистон сари соҳибӣ ба минтақаҳои баҳсноки марзӣ аз мақоли "ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ ё ба зар" кор гирифта, гоҳе сари роҳи сокинон посгоҳу симхоре мегузоранд, гоҳе ба сокинони "анклав"-ҳо кӯмакҳои ғизоӣ мерасонанд.

Абдувосит Салимзода, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ҷонибҳо талош доранд, то дили сокинони "анкалав"-ҳоро ба худ гарм созанд ва аз сар задани норизоии сокинон дар ин мавзеъҳои ҳассос пешгирӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG