Пайвандҳои дастрасӣ

Телевизиони "Сурхондарё"-и Узбакистон ба пахши барномаи вижае алайҳи ҳукумати Тоҷикистон оғоз кардааст.

Дар ин барномаи тарғиботӣ чор нафарро намоиш медиҳанд, ки ҷосусӣ бар зидди Узбакистонро эътироф карданд ва ҳукумати Тоҷикистонро барномарези ин амал номиданд.

Ин барномаро сокинони навоҳии марзии водии Ҳисор ва вилояти Хатлон борҳо тамошо кардаанд. Хайрулло, сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, телевизиони "Сурхондарё" дар миёни мардуми навоҳии марзии Тоҷикистон аслан ба он хотир машҳур аст, ки фароғатист ва сериалҳои шавқовари туркиву ҷопонӣ пахш мекунад.

Ӯ афзуд, "аҷобати ин телевизион дар он аст, ки дар давоми барномаҳои фароғатӣ якбора ба ин барномаи, ба истилоҳ, "агрессив" ва зидди ҳукумати Тоҷикистон мегузарад. Маҳз ҳамон вақте ки мардум сари хӯрок менишинанд ва барқ меояд."

Ба қавли сокинон, телевизиони "Сурхондарё" дар навоҳии марзии водии Ҳисор -- Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва вилояти Хатлон -- Шаҳритӯсу Қабодиён ва Носири Хисрав хеле бо сифати хуб пахш мешавад.
Ба қавли онҳо, дар гузашта тариқи ин телевизион як қатор барномаҳои интиқодӣ бар зидди нерӯгоҳи "Роғун", ширкати "Талко" ва кӯли Сарез пахш шудааст ва як ҳафтаи ахир барномае дар бораи фаъолияти "ҷосусон"-и Тоҷикистон дар Узбакистон пахш мешавад, ки дар он номҳои афроди мансабдори тоҷик низ зикр мешавад.

Дар ин барнома чеҳраи чор "ҷосус"-и Тоҷикистон – Қувондиқ Сиддиқов, Бек Паноев, Алӣ Пиров, Абдуҳамид Қодиров, Раҳмон Раҷабов, ҳамагӣ зода ва шаҳрванди ду кишвар, эътироф мекунанд, ки дар Узбакистон барои ниҳодҳои амниятии тоҷик маълумоти иктишофӣ ҷамъ меоварданд. Додгоҳи Узбакистон онҳоро аз 14 то 20 сол равонаи зиндон кардааст.

Давлат Назрӣ

Давлат Назрӣ

Ҳамчунин, ба нақли қавл аз онҳо собиқ намояндаи Тоҷикистон дар яке аз сохторҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, воқеъ дар Тошканд – Бахтибек Назархудоев ва ҳам сарвари вақти раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд – Абдулло Назаров дар "ташкили шабакаҳои ҷосусӣ" дар қаламрави Узбакистон муттаҳам мешаванд.
Ҳоло барномаи мазкури телевизиони "Сурхондарё" мавриди омӯзиши мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Давлат Назрӣ, сарвари Департаменти таҳлил ва иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, сабти ин барнома дар ихтиёри вазорат ҳаст: "Мо аз ин барнома огоҳӣ дорем. Сабти он дар департаменти мо қарор дорад. Онро меомӯзем ва агар зарур ояд, назари худро дар ин бора хоҳем гуфт."

Дар пасманзари "қиссаҳои ҷосусон" дар барномаи телевизиони "Сурхондарё" аз забони Раҳмон Раҷабов ном шахсе, ҳукумати Тоҷикистон мавриди интиқод қарор мегирад, ки даст ба хушунати миёни миллатҳо ва маҳалҳо задааст. Раҷабов, узбактабори Тоҷикистон будааст, ки дар шаҳри Хуҷанд сарвари ширкати "Кабир", корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбакистонро ба зимма дошта, ҳамчунин депутати маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ интихоб шудааст, аммо ҳоло дар зиндони Узбакистон ба сар мебарад.

Ёқуби Саид

Ёқуби Саид

Аз соли 2006 ба ин сӯ дар ҳудуди Тоҷикистон низ як қатор афрод бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Узбакистон боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Мақомот теъдоди онҳоро беш аз 10 нафар ҳисоб кардаанд ва яке иттиҳомот алайҳи онҳо убури ғайриқонунии марз будааст.

Аз ҷумла, чанде қабл дар Суғд Қурбоналӣ Табаров, сокини ин вилоят боздошт шуд, ки дар гузашта дар Узбакистон ба сар бурда, бо ҳуҷҷати сохтаи генерал-полковник дар Суғд фаъолият мекардааст. Ҳамчунин дар Хатлон Боймурод Анваров, як узбактабори вилоят бо ҷурми ҷосусӣ ва хиёнат ба ватан ба 20 сол равонаи зиндон шуда буд, ки бино ба ҳукми суд, ӯ маълумотро аз рафти бунёди иншооти азим, бахусус “Роғун” пинҳонӣ ба Узбакистон интиқол медод.

Коршинос Ёқуби Саид мегӯяд, ҳадаф аз пахши чунин барномаҳо дар вилоятҳои марзӣ, ки узбактаборон кам нестанд ва ҳам тоҷикон аксаран забони узбакиро баладанд, барангехтани ихтилоф алайҳи ҳукумати Тоҷикистон аст.

Иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки ҳадаф аз барномаҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон ҳадафҳои дохилӣ дорад, пеш аз ҳама саркӯб кардани худшиносии тоҷикон, ки дар Узбакистон кам нестанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG