Пайвандҳои дастрасӣ

Паймони марзӣ ба Шӯрои Федеросиюн меравад


Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии парлумони Русия – рӯзи чоршанбе масъалаи тасвиби қарордоди марзии Русияву Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард. Думаи давлатӣ ин паймонро, ки шароити ҳузури мушовирони рус дар марзҳои Тоҷикистон то 5 соли ояндаро муайян мекунад, ҳанӯз 2 ҳафта пеш тасвиб карда буд. Сенаторҳои рус рӯзи 22 феврал гузориши раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский дар бораи вазъи сиёсати муҳоҷиратро низ хоҳанд шунид.
XS
SM
MD
LG