Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоира: "Як суруд то 1000 доллар нарх дорад"


Шоираи Раҳимҷон мегӯяд, аз фурӯши тарона ва оҳангҳояш фоидаи хуби молӣ ба даст овардааст.

Шоираи Раҳимҷон мегӯяд, аз фурӯши тарона ва оҳангҳояш фоидаи хуби молӣ ба даст овардааст.

Шоираи Раҳимҷон, хабарнигор ва таронасарои тоҷик, ки оҳанг низ месозад, меҳмони вижагуфтори "Ояндасоз"-и Радиои Озодӣ буд.

"Ояндасоз": Аз кай ба навиштани суруд ва оҳанг шурӯъ кардед?

Шоираи Раҳимҷон: “Ман вақте дар синфи 4-ум таҳсил мекардам, шеър менавиштам. Аммо дар замони донишҷӯӣ як шоири маъруф гуфт, ки "пас аз ман касе шеър мегӯяд, беҳуда варақро сиёҳ мекунад." Бо ин вуҷуд, дар соли 2003-юм аввалин маҷмӯаи банда бо номи "Нахустин номаҳои дард" нашр шуд, ки воқеан дардолуда буд. Соли дувуми донишҷӯӣ Манижаи Давлат ғайринтизор як шеъри маро ба оҳанг даровард. Таронаи "Ай бехабар..."-ро. Пас аз он гуфтам, шеърҳое, ки бо оҳанг эҷод мешаванд, чаро сароида нашаванд?"

"Ояндасоз": Оё маълумоти мусиқӣ ҳам доред?

Шоираи Раҳимҷон: "Не, надорам..."

"Ояндасоз": Пас, чӣ гуна оҳанг эҷод мекунед?

Шоираи Раҳимҷон

Шоираи Раҳимҷон

Шоираи Раҳимҷон: “Бале, то ин вақт низ бисёриҳо посухи ин суолро аз ман пурсидаанд. Барои мисол, бахшида ба иди Наврӯз як сурудро бо оҳангаш омода кардам, ки онро оркестри халқӣ месарояд. Давлат Сафаров ва оҳангсоз Замонов, ки ҳоло сари бандубасти он кор мекунанд, ҳамин суолро ба ман доданд. Яъне, оҳанг бе нота чӣ хел навишта шуд. Гуфтам, ки истеъдод ҳам нақш мебозад. Ман кам-кам рубоб менавозам ва ҳамин оҳанге, ки оркестр менавозад ва дар иҷрои он 60 нафар иштирок мекунанд, бо кӯмаки рубоб тавлид шуд. Ин сурудро дар Наврӯз Нигина Амонқулова бо оркестр месарояд ва мухлисон баҳо хоҳанд дод."

"Ояндасоз": Дар сӯҳбати худ аз Манижаи Давлат ёдоварӣ кардед. Оё бо ӯ ҳамкорӣ доред ва дар бораи кору зиндагии ин овозхони тоҷик, ки санд сол боз рӯи саҳна намеояд, чӣ медонед?

Шоираи Раҳимҷон: "Бале, ҳоло ҳам ман бо Манижабону ҳамкорӣ дорам. Вай ба тозагӣ суруди наверо сабт кард."

"Ояндасоз": Агар махфӣ набошад, як тарона ва оҳанги Шумо чӣ қадар арзиш дорад ва аз он чӣ қадар фоидаи молӣ бардоштаед?

Шоираи Раҳимҷон: ""Ояндасоз": Дар кишварҳои пешрафта, сарояндаҳову оҳангсозон аз ҷумлаи афроди сарватманданд. Дар Тоҷикистон чӣ?

Манижаи Давлат бо овозхони шинохтаи эронӣ Лайло Фуруҳар

Манижаи Давлат бо овозхони шинохтаи эронӣ Лайло Фуруҳар

Шоираи Раҳимҷон: "Солҳои аввал суруд ва оҳангҳоямро тақдим мекардам, вале вақте аз тарафи сарояндаҳо носипосӣ дидам, ба фурӯхтан гузаштам. Инро ошкоро мегӯям. Ҳоло дар мо як тарона ва оҳанг аз 600 то 1000 доллар арзиш дорад. Аммо ман аз ин поинтар мепурсам. Фоидае, ки аз фурӯши оҳангу таронаҳо ба даст меорам, бад нест. Аз ин ҳисоб мошин (худрав) ҳам харидаам."

"Ояндасоз": Хабарнигорӣ, шеърнависӣ ва оҳангсозӣ. Ин ҳама душворӣ намекунад?

Шоираи Раҳимҷон: “Не, аз ҳар сеяш ҳаловат мебарам. Ҳатто вақте барномаи радиоӣ таҳия мекунам, роҳат мешавам. Аммо бе мусиқӣ наметавонам. Вақте хаста мешавам, ба ҳалқаи кӯдаконам меравам ва ба дӯнёи тифлии онҳо ворид мешавам. Ҳамсари неке дорам, ки маро мефаҳмад ва дар ҳолатҳои хаста шудан, қаламу дафтар, телефону компутарро дур мекунад, то хастагиҳо рафъ шавад."

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG