Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозия тарки саҳна мекунад...


Нозия Иқбол
Нозия Иқбол

Нозия Иқбол, овозхони ҷавон, вале алакай шинохтаи покистонӣ, дар авҷи шӯҳрати хонандагиаш эълон кард, ки ба далоили мазҳабӣ тарки саҳна мекунад.

Тасмими ин хонандаи паштузабони зодаи водии ошӯбзадаи Свот фавҷи мухлисону ҳаводорони Нозия Иқболро дилреш кардааст ва бархе ин қарори Нозияро ҳатто як фоҷиаи миллӣ унвон мекунанд.

“Рӯи маро дигар нахоҳед дид”

Нозия Иқбол рӯзи 21 январ дар консерташ дар Дубай гуфт, ки ин охирин ҳунарнамоии ӯст, чунки мехоҳад боқии умрашро ҳамчун “як зани мӯъмину мусалмон” гузаронад. Овозхони маъруфи пашту ба аҳли толор гуфт, “шумо бори охир рӯи маро мебинед, чунки ман аз ин ба баъд сатри исломӣ ба тан хоҳам кард.”

Нозия зодаи водии Своти Покистон аст, вале аз соли 2005 ба ин сӯ дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба сар мебурд. Ӯ бештар ба забони пашту тарона мехонд, вале ба забонҳои урдуву форсӣ ва панҷобӣ низ таронаҳои зиёд иҷро кардааст, ки дар сарзаминҳои қабиланишини паштузабони Покистон ва ҳам дар Афғонистон шӯҳрат дошт.

Нозия Иқбол гуфт, қасд дорад дар Покистон як мадраса боз кунад, вале чунин бозгашти ӯ ба ватан наметавонад ҷои таронаҳои ӯро дар дили мухлисонаш пур кунад.

Шабона, як ҳаводори Нозия дар Квейтаи Покистон гуфт, хабари аз саҳна рафтани ӯро бо дард қабул кардааст: “Ман аз ин қарори Нозия Иқбол хеле парешон шудам. Он қадар андӯҳгин шудам, ки мехоҳам бигирям.”


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Линки мустақим



Шоири маъруфи покистонӣ Лоиқзода Лоиқ боз ҳам фаротар рафта, тарки саҳна кардани Нозия Иқболро “фоҷиаи миллӣ” барои мардуми пашту ба қалам дод.

Дар чанд соли охир роҳи эҷодии чандин овозхони маъруфи пашту дар Покистон ба сурати ғайриинтизор ва гоҳ ба таври фоҷиавӣ анҷом ёфтааст. Овозхони шинохта Аймон Удасро дар соли 2009 дар манзилаш дар шаҳри Пешовар бародарони ӯ куштанд. Ин хонум қабл аз марг аз сӯи гурӯҳҳои тундрави исломӣ чандин бор таҳдид шуда буд, ки тарки саҳна кунад. Охирин таронаи Аймон, ки дар телевизион садо дод, сатрҳое дошт ба ин мазмун, ки “Ман мемирам, вале дар ёдҳо хоҳам монд, чунки ман дар руъёҳои ҷононаам зиндаам.”

Овозхон ва раққосаи шинохта Шабона моҳи январи соли 2009 дар Свот аз сӯи ҷангиёни Толибон кушта шуд. Шоҳаншоҳбача дар соли 2010 тарки саҳна кард ва гуфт, ки дигар ҳамчун “як марди мӯъмин” зиндагӣ хоҳад кард. Шакило Ноз, Фарзона ва Фаридахон ҳарсе низ дар солҳои охир баъди издивоҷ аз идомаи ҳунарнамоӣ даст кашиданд.

Рафтани Фарзонаи Файз ва Маликаи Саид

Чунин намунаҳои тарки саҳна ба далоили мазҳабӣ дар ҷомиаи дар солҳои охир хеле мазҳабитаршудаи Тоҷикистон низ кам нест. Овозхони ҷавон Фарзонаи Файз, ки тоза маъруфият пайдо мекард, баъди издивоҷ аз саҳна рафт. Ҳотами Равшан чанд сол пеш аз саҳнаи эстрада рафт ва дигар фақат таронаҳои сӯфиёна мехонад ва он ҳам танҳо дар ҳалқаи ёрони наздик. Бародарзодаи ӯ Меҳрубони Равшан ҳам як сол пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки чунин қасди тарки ҳунарнамоӣ ба далелҳои мазҳабиро дар сар дорад ва мехоҳад дигар фақат таронаҳои динӣ бихонад, на эстрадӣ.

Овозхони шинохтаи тоҷик Маликаи Саид ҳам ду сол пеш баъди сафари Ҳаҷ сатри исломӣ ба бар кард ва дар айни авҷи шӯҳраташ аз саҳна рафт, ки боқии умрашро “ҳамчун як зани мӯъмин” ба сар барад. Қабл аз ӯ чанд овозхони дигари тоҷик ҳам баъди сафари Ҳаҷҷ як муддат аз идомаи ҳунарнамоӣ даст бардошта буданд, вале баъди чанде баргаштанд. Аммо Малика инак 2 сол боз ба қавлаш истодааст.
XS
SM
MD
LG