Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳоди Милод -- "Тоҷикистонам баред"


Фарҳоди Милод
Фарҳоди Милод

Хабарнигорони Радиои Озодӣ на танҳо гузориш менависанд, балки суруду тарона низ месароянд.

Ҳамкори мо Фарҳоди Милод дар гузоришҳои худ ба ҳеч гуна эҳсосот роҳ намедиҳад ва талош мекунад, беғаразона воқеиятро баён дорад. Аммо дар таронаҳои ӯ дарду хурсандӣ, ишқу орзу ва гиряву ханда фаввора мезананд.

То ҳол ӯ дӯст медошт, паси саҳна бошад ва барои таронаҳои овозхононе чун Баҳроми Ғафурӣ, Шабнам, Фарзона, Сарвиноз, Сиёвуш ва дигарон матн ва мусиқӣ бинависад. Акнун тасмим гирифт, худ ба саҳна барояд.

"Тоҷикистонам баред" аввалин клипи ӯст, ки акнун ба сайри шабакаҳои интернетӣ рафтааст. Фарҳод мегӯяд, суруд навиштан аз гузориш навиштан осонтар аст, ҳарчанд нерӯ ва тапиши бештар мехоҳад. Аммо ҳаловати офариниши он низ зиёдтар аст.



Корбарони шабакаи Фейсбук Моҳира Нилуфар, Умед Раҳимов, Хусрав Ғоибназаров, Шокир Шифо, Маҳбуба Мирзоева, Мӯътабар Зоидова, Нилуфар Набизода ва дигарон барои ин тарона аз Фарҳоди Милод сипосгузорӣ кардаанд.

Таронаи дигари Фарҳод -- "Наврӯз мерасад, ай муҳоҷирбачаи тоҷик" муддати тӯлонӣ яке аз сурудҳои маҳбуб ба шумор мерафт.
XS
SM
MD
LG