Пайвандҳои дастрасӣ

"Барқи тоҷик": То пул ҷамъ наоред, маош намегиред


Абдулло Ёров, раиси ширкати "Барқи тоҷик"

Абдулло Ёров, раиси ширкати "Барқи тоҷик"

Кормандони Идораи шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб се моҳ боз маош нагирифтаанд.

Дар номае ба унвони Радиои Озодӣ бархе аз кормандони ин идора навиштаанд, "дар замоне ба мо маош намедиҳанд, ки фасли зимистон асту зиндагӣ мушкил." Онҳо дар идомаи номаашон гуфтаанд, ки ҳарчанд маош намегиранд, аммо дар рӯзҳои сард кори сахтеро анҷом медиҳанд.

Мирзо Исмоилов, раиси Идораи шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб гуфт, кормандони ин идора аз моҳи декабри соли гузашта ба ин сӯ аз ширкати "Барқи тоҷик" маош нагирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, маош гирифтани кормандони идораи онҳо ба ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ аз сокинон вобастааст, ки ба иллати сард омадани ҳаво дар ду моҳи охир ин кор ба хубӣ анҷом наёфтааст.

Ӯ илова кард, "мо бо "Барқи тоҷик" дар тамос ҳастем ва ваъда карданд, ки маошро пардохт мекунанд. Мушкил дар он аст, ки ҳаво сард омад ва кормандони мо натавонистанд, ки пули истифодаи барқро аз мардуми кӯҳистон ҷамъоварӣ кунанд. Дар фасли зимистон истифодабарии нерӯи барқ зиёд шудааст, вале пардохт пули нерӯи барқ камтар."

Масъулон мегӯянд, аксари сокинон дар ин фасли сол аз пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ худдорӣ мекунанд ва кормандони онҳо ҳангоми ҷамъоварии маблағ ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Вале Савриннисо, як сокини ноҳияи Ховалинг мегӯяд, аз як сӯ мушкили рӯзгор ва аз сӯи дигар шеваи барқрасонӣ ба насупурдани ҳаққи истифода аз нерӯи барқ сабаб шудааст.

Ӯ афзуд, "дар зимистон барқро доимӣ намедиҳанд. Гоҳ рӯшан мекунанду гоҳ "мекушанд". Умуман, барқро ба серӣ надидем. Аммо моҳи нав оғоз наёфта, дари хонаро мекӯбанд, ки пули барқ диҳед. Аз куҷо дилат мехоҳад, ки пули барқро диҳӣ?"

Сокинони минтақаи Кӯлоб дар ҳоли ҳозир аз истифодаи нерӯи барқ 12 миллион сомонӣ қарздоранд ва намехоҳанд, онро пардохт намоянд. То пардохт нашудани ҳаққи нерӯи барқ беш аз 200 корманди Идораи шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб маош нахоҳанд гирифт.

Ин дар ҳолест, ки масъулони Идораи шабакаҳои барқӣ мегӯянд, реҷаи интиқоли нерӯи барқро як соати дигар бештар кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG