Пайвандҳои дастрасӣ

Харидории гази моеъ аз нуқтаҳои фурӯши газ дар шаҳри Кӯлоб, ба мушкили аслии сокинон дар ин рӯзҳои сард табдил ёфтааст.

Садҳо сокини шаҳрро бо зарфҳои захираи гази моеъ давоми ду рӯзи ахир метавон пушти дари чанд нуқтаи фуруши газ мушоҳида кард.

Интизории сокинон дар ҳолест, ки чанд рӯзе пеш бузургтарин нуқтаи фурӯши гази моеъ, марбут ба ҷамъияти «Кӯлобнафтрасон», ки таъминоти аҳолиро то ҷое бароварда месохт, таркид.

Робиямоҳ, як сокини Кӯлоб мегӯяд, бо боридани барф комилан интиқоли барқ ба хонаҳояшон қатъ шудааст. Аз ин рӯ, гази моеъ ягона манбаи аз сардӣ ва гуруснагӣ наҷот додани сокинон аст, ки бо истифода аз он хӯрок омода мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳоло дастрасии газ ҳам мушкил шудааст. Ин хонум афзуд: «Мо дар маҳаллаҳои навбунёд зиндагӣ мекунем. Аз дирӯз барқ нест. Соли гузашта дар набудани барқ аз балонҳои гази барои пӯхтани хӯрок истифода мекардем. Ҳоло бошад, пайдо кардани ҳамин газ ҳам мушкил аст. Дигар аз куҷо ҳезум меёбем, ягона восита ҳамин аст. Лек се-чор соат ҳаст, ки дар навбат ҳастем, вале ҳамон навбат ҳам намерасад.»

Саодат, як зани дигар мегӯяд, ду рӯз боз пул сарф карда, барои дастрас кардани газ меояд, вале мушкилаш ҳал намешавад: «Печка надорем, ҳезум надорем. Бо ҳамсояҳо аз берун аз шаҳр раҳкиро сарф карда меоем, вале газ пайдо намекунем. Аз ҳама муҳим барқ аст, барқ. Хоҳиш мекунем, ки барқамон диҳанд.»

«КӮЛОБНАФТРАСОН» ВАЪДА МЕДИҲАД

​Ба ҷуз сокинони оддӣ, ки гази моеъро барои омода кардани хӯрок дастрас кардан мехостанд, инчунин садҳо ронандае, ки мошинашон тариқи газ ҳаракат мекунад, дар интизорӣ пушти нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ қарор доранд.

Амирхон Одинаев, як масъули «Кӯлобнафтрасон», ҷамъияте, ки бештари талаботи сокинонро бо газу бензин бароварда месозад, мегӯяд, онҳо захираи зиёди гази моеъ доранд, аммо бинобар таркиш ва хароб шудани бинои нуқтаи сӯзишворӣ, ҳоло наметавонанд дар шаҳри Кӯлоб газ фурӯшанд. Ӯ мегӯяд, бо дарназардошти талаботи зиёди сокинон бо газ корҳои сохтмонӣ дар нуқтаи сӯзишвориро тезонидаанд.

Ҷаноби Одинаев афзуд: «Интизории мардумро бин. Барои ин, ҳар чи тезтар мехоҳем, ки сохтмонро анҷом диҳем. Лекин мо дар ноҳияи Восеъ газ дорем, ки ронандагонро барои дастрасӣ ба он ҷо раҳнамоӣ мекунем. Талабот беҳад ба газ зиёд аст. Аз сокинон як хоҳиши дигар дорам, ки зарфҳои ҳаҷмашон калонтар бигиранд, то як бор онҳоро пур кунанд ва ин қадар дигар ҳар рӯз интизорӣ накашанд.»

Мушкили дастрасии сокинон ба гази моеъ дар ҳолест, ки интиқоли гази табиӣ низ ба шаҳри Кӯлоб коҳиш ёфтааст. Тибқи ҳисобҳои расмӣ, талаботи аҳолии Кӯлоб бо гази табии 80 ҳазор кубро ташкил медиҳад, вале ҳоло ба шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ 4 ҳазор куб гази табиӣ аз конҳои гази Балҷувон ворид мешавад.

ВАЗЪИ ТАШВИШОВАРИ БАЛАНДОШЁНАҲО

Муҳамадҷон Иброҳимов, сардори идораи «Кӯлобгаз» мегӯяд, вазъияти коҳиш ёфтани гази табиӣ аз конҳои гази Балҷувон ба ҳамагон фаҳмост, зеро дар ин маҳал ширкати амрикоии «Тетис Петролиум» корҳои иктишофӣ-азнавбарқароркунӣ мегузаронад, ки гоҳҳо газ афзоиш ва гоҳе коҳиш меёбад.

Ҷаноби Иброҳимов мегӯяд, воқеан ин миқдори газ ба аҳолӣ намерасад, аз ин рӯ бо машварати шаҳрдори Кӯлоб ҳоло танҳо интиқоли газ ба баландошёнаҳоро ба роҳ мондаанд: «Бисёртар таваҷҷуҳи мо ба баландошнаҳо равона шудааст, зеро онҳоро фаҳмидан мумкин аст. Онҳо печӣ ҳезумӣ надоранд. Мо вазъияти ҳамаро мефаҳмем ва мехоҳем, ки ҳама газ дошта бошад, вале ин миқдорро мехоҳем ба сокинони баландошёнаҳо диҳем. Сокинони хонаҳои заминӣ ба ҳар ҳол вазъияташон дигартар ҳаст.»

Талаботи сокинони шаҳри Кӯлоб ба газ дар ҳоле афзоиш ёфтааст, ки ҳаво хеле сард аст ва реҷаи шадиду номуайни барқ дар маҳаллаҳо ҷорӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG