Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идораи шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб як сокини ин шаҳрро дар дуздии барқ аз "хатти сурх" гумонбар медонад.

Ин сокини Кӯлоб аз хатте барқ дуздидааст, ки ба гуфтаи масъулин ҳукумати Кӯлоб ва дигар муассисаҳоро бо барқи доимӣ таъмин мекунад.

Хонум Шарофат (ном тағйир дода шудааст) мегӯяд, чаҳор фарзанд дорад ва дар зимистони бебарқ маҷбур шудааст, то ба фарзандонаш супориши кашидани хатти пинҳонии барқро диҳад. Ӯ гуфт, то замони ошкор шудани ин хатти пинҳонӣ аксари вақт дар хонааш барқ дошт, аммо бо буридани он интиқоли барқ ба хонааш мисли пештара қатъ шудааст.

Ин хонум гуфт, "бо чаҳор фарзанди мактабхон намедонам, чӣ кор кунам. Дар як соати муайян барқ намедиҳанд. Кадом вақте хоҳанд барқро хомӯш мекунанд. Ман танҳо не, ҳамаи ҳамсояҳо талош доранд, ки хатти дигар бикашанд. Ҳозир як дарза ҳезум, ки як бор аловӣ намешавад, чаҳор сомонӣ ҳаст. Газ 5 литраш 40 сомонӣ. Мардум аз хунукӣ чӣ кор кунанд?"

Интизор меравад, парвандаи ин зан ба додситонӣ ирсол шуда ва ӯ барои ин амалаш ҷаримабандӣ шавад. Саидмуртазо Саидов, сармуҳандиси Идораи шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, дар пайи як санҷиш беш аз сад ҳолати дуздии барқ аз "хатти сурх"-ро, ки тавассути он ба муассисаҳои ҳаётан муҳим барқи доимӣ интиқол меёбад, ошкор кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, сокинон дар торикии шаб ба дуздидии барқ даст мезананд.

"Шаҳрвандоне, ки пинҳонӣ аз кормандони мо ба хонаҳояшон хатти иловагӣ мекашанд, аз ҷониби мо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар рафти санҷишҳо мо ҳолатҳои зиёдеро ошкор кардем ва санад тартиб дода ба додситонии шаҳр равон кардем. Мо аз додситонӣ дархост кардем, ки дар ҷилавгирӣ ва кам кардани ин амал ба мо кӯмак намояд",-гуфт ҷаноби Саидов.

Ба гуфтаи масъулин дуздидани барқ аз "хатҳои сурх" дар бисёре аз маворид боиси садама шуда, интиқоли ҳамешагии барқ ба муассисаҳои пайваст ба он номумкин мегардад. Аммо сокинон мегӯянд, онҳо аз ночорӣ ба дуздидани барқ даст мезананд.

Бобохон Шамсов, вакили маҳаллаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бо гурӯҳе аз сокинони ин маҳал барои шикоят назди идораи шабакаҳои барқӣ омадаанд. Ба гуфтаи вай, онҳо ҳатто ҳамон реҷаи муайншударо, ки дар як шабонарӯз 7 соатро ташкил медиҳад, дастрас намекунанд. Ӯ аҳволи сокинони маҳаларо хеле нохуб арзёбӣ мекунад.

Ӯ гуфт, "бечораҳо аз бегоҳ кӯдаконашонро таҳи кӯрпа мекунанд. Маҳаллаи мо ҳатто ҳамон реҷаи муайяншудаи барқро ҳам намегирад. Ҳама мардум ҷамъ шуданд, ки ба шабакаҳои барқӣ меравем. Мо гуфтем, ки аввал мо равем, ки чӣ мегӯянд. Ҳозир омадем, вале ҳеҷ нест, ки қабуламон кунанд."

Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Кӯлоб реҷаи шадиди интиқоли нерӯи барқ ҷорист. Сокинони ин шаҳр дар шабонарӯз ҳамагӣ 7 соат, яъне се соат субҳ ва чаҳор соат дар шом барқ дарёфт мекунанду тамом.

Зимни таҳқиқ маълум шуд, ки беморхонаҳои шаҳр, аз ҷумла беморхонаи кӯдакона ва беморхонаи марказӣ барқи доимӣ надоранд. Дар чунин бебарқӣ ва сардӣ сокинон дар талоши пайдо кардани роҳи наҷот ёфтан аз сардӣ ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG