Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба марзи Тоҷикистон барнамегардад


Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев (Акс аз бойгонӣ)
Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев (Акс аз бойгонӣ)

Думаи давлатии Русия созишномаи ҳамкории Русия ва Тоҷикистонро дар масъалаҳои марзӣ ба тасвиб расонд.

Ин санад 2-юми сентябри соли 2011 дар Душанбе аз тарафи президентҳои ду кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба имзо расида, барои ҳузури Гурӯҳи ҳамкории марзбонии Русия дар Тоҷикистон дар 5 соли оянда заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Бино бар он, зиёда аз 200 мушовири ҳарбии Русия бо марзбонони тоҷик ҳамкорӣ мекунанд. Русия талош дошт, зимни ин гуфтушунидҳо марзбонони худро ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бозгардонад.

Дар ин созишнома инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароии динӣ, муҳоҷират, ҷиноятҳои фаромиллӣ, қочоқи аслиҳа, маводи радиоактивӣ ва маводи мухаддир дар назар гирифта шудааст.

Владимир Проничев, муовини аввали сардори нерӯҳои марзбонии Русия гуфт, "созишномаи мазкур идомаи ҳузури нерӯҳои марзбони рус дар Тоҷикистонро ҳифз мекунад." Муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури кишварҳои СНГ Дмитрий Саблин ба тасвиб расидани ин санадро муҳим шуморида таъкид намуд, ки "дар ҳақиқат, ин созишнома ба манфиати амниятии Русия мувофиқат мекунад." Вай гуфт, Русия дар сафи нерӯҳои марзбонии худ ислоҳоти ҷиддӣ анҷом додааст ва Тоҷикистон ҳам бояд шакли муосири ҳимояи марзиро бипазирад.

Мувофиқи созишномаи ҷадиди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия вазифаҳои аслии ҳарду кишвар дар амри назорати марз мушаххас карда шудааст. Аз ҷумла, омода ва тарбия кардани марзбонҳо, таъмини ҷангафзорҳо ва фанновариҳои муосир дар хатти марз, наҳваи мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ, ҳамчунин иттилоъгузорӣ дар мавриди амнияти марзие, ки ба манфиати ҳарду кишвар созгор бошад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:32 0:00
Линки мустақим


Тавре сардори Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Ҳикматулло Пираков ба хабаргузориҳо гуфтааст, тарҳи ҷадиди паймони марзии Тоҷикистону Русия ба манфиати ҳар ду кишвар ҷавобгӯст. Бо ин вуҷуд, тарҳи ин созишнома ҳанӯз барои баҳсу баррасӣ ба порлумони Тоҷикистон пешниҳод нашудааст.

Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов, узви Маҷлиси Намояндагон гуфт, “ин созишномаи байнидавлатӣ аст ва бидуни тасвиби порлумон қувваи амал пайдо карда наметавонад. Ҳанӯз ҳукумати Тоҷикистон ин тарҳро барои тасвиб ба порлумон пешинҳод накардааст.” Ба ин тартиб, ҳанӯз ҳеҷ мақоми расмии давлати Тоҷикистон дар робита ба мавқеи ниҳоии Душанбе дар бораи Созишномаи нави марзии Тоҷикистону Русия изҳори назар намекунад.

Созишномаи пешини миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди ҳамкориҳои марзӣ моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва муддати иҷрои он 5 сол таъйин шуда буд. Бар асоси ин санад, хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуда ва дар соли 2005 ин раванд поён ёфт. Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия, дар хатти марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд.

Ба ин тартиб, дар тобистони соли 2005 марзбонони Русия аз марз комилан хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.
XS
SM
MD
LG