Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот: “Бозгашти марзбонҳои рус матраҳ набуду нест"


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, мавзӯи бозгашти нерӯҳои марзбони Русия ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар ягон сатҳ баррасӣ нашудааст.

Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт: "Ин мавзӯъ дар давоми солҳои ахир бардошта нашудааст, на аз ҷониби Тоҷикистон ва на аз ҷониби Русия. Ин бештар як маъракаи иттилоотӣ
Гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз лиҳози молӣ нуқтаҳои хеле равғанианд ва баъид аст, ки Душанбе омода бошад, то онҳоро ба назорати гурӯҳи дигаре вогузор кунад...
аст, ки нерӯҳои номаълум онҳоро ташкил мекунанд. Дар асл ин гуна гуфтугӯ сурат нагирифтааст."


Ҷаноби Назрӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 5-уми май, бо “Озодӣ" сӯҳбат мекард, афзуд, "мо бо Русия дар сатҳи дуҷониаву бисёрҷониба ҳамкорӣ дорем, ҳатто дар бахши ҳифзи сарҳад. Аммо ин масъалаи марбут ба бозгашти сарҳадбонони Русия ба Тоҷикистон нест."
Ба гуфтаи ин масъули дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, "нерӯҳои марзбони кишвар то имрӯз ҳифзи марзро таъмин мекунанд ва системае, ки дорем, мукаммал мешавад. Ҳоло ҷониби Тоҷикистон барои даъвати нерӯҳои кишварҳои дигар барои ҳифзи марзаш эҳтиёҷ надорад. Албатта, кӯмак мекунанд, мо низ ҳамкорӣ дорем, гуфтушунид мебарем. Лекин он чи ки ба бозгашти марзбонҳои Русия ба марзи мо бошад, алҳол истисност."



Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтаанд, Тоҷикистон хостори бозгашти нерӯҳои ин кишвар ба марзи Тоҷикистону Афғонистон нест.

Як мақоми баландпояи Русия ба бахши низомии хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, "ҳоло бозгашти нерӯҳои марзбони Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон комилан истисно аст."

Вай афзуда, ки гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз лиҳози молӣ нуқтаҳои хеле равғанианд ва баъид аст, ки Душанбе омода бошад, то онҳоро ба назорати гурӯҳи дигаре вогузор кунад.

Бо ин ҳол, мақомоти Русия борҳо изҳор доштаанд, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои марзбони ин кишвар аз марзи Тоҷикистону Афғонистон интиқоли маводи мухаддир афзоиш ёфтааст.


Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон аз соли 2005 ба ин сӯ, аз замони хуруҷи нерӯҳои Русия аз марзҳои Тоҷикистон, ҳимояти ин марзҳоро бар дӯш доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG