Пайвандҳои дастрасӣ

Коршинос: "Русия ва Раҳмон аз ҳам қонеанд"


Владимир Мухин, коршиноси умури низомӣ, хабарнигори "Независимая газета".

Владимир Мухин, коршиноси умури низомӣ, хабарнигори "Независимая газета".

Созиши Душанбеву Маскав ба тамдиди 49-солаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мояи сарусадои мухталиф шудааст.

Ҳарчанд тарҳи ниҳоии чунин созишнома бояд то баҳори соли оянда таҳия шавад, бархе таҳлилгарон мегӯянд, Маскав тавонист Душанберо даступо бубандад ва дар шароите қарор диҳад, ки аз даъвои 308 миллион доллар пули иҷора барои ин пойгоҳ даст бардорад ва ба фарқ аз соли 2004 ин бор бидуни кадом имтиёзи ҷиддие аз он ҷониб ба ҳама шартҳои Маскав тан дар диҳад.

Аммо ин тавофуқ байни Душанбеву Маскав дар кадом замина ҳосил шуд? Душанбе аз он ҷониб дар ивази пойгоҳ чӣ мехост ва дар ниҳоят чӣ гирифт? Оё муомилаҳои сиёсие низ дар пушти пардаи музокироти ин масъала низ сурат гирифтааст?
Бо ин суолҳо руҷӯъ кардем ба Владимир Мухин, шореҳи низомии рӯзномаи «Независимая газета»-и чопи Маскав.

Владимир Мухин: «Ман сиёсати Русия ҷиҳати таҳкими ҳузури низомиаш дар Тоҷикистонро дуруст мешуморам. Аз ин қаламрав ба Русия мавҷи азими маводи мухаддир меояд. Раиси наркоконтроли Русия Иванов ба ман гуфта буд, ки ӯ ҷонибдори бозгашти марзбонҳои рус ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аст. Он 300 мушовири мо дар онҷо кофӣ нест. Аммо чаро Раҳмон ба тамдиди замони ҳузури пойгоҳ ва он ҳам барои ним аср розӣ шуд? Чунки Русия артиши Тоҷикистонро таъмини силоҳ мекунад, Русия сарбозони тоҷикро таълим медиҳад.»

Пурсиш: Аммо, Владимир, дар матбуот мегӯянд, ки Русия маъмулан таслиҳоти кӯҳнаву фарсудаашро ба Тоҷикистон медиҳад?

Владимир Мухин: « Дар ҷараёни сафари Медведев дар Душанбе дар ҳузури ӯ қариб 1000 техникаи низомии пойгоҳи 201-уми артиши Русия ба ҷониби Тоҷикистон супурда шуд. Ин аломати пайгирона таъмини силоҳ шудани артиши Тоҷикистон аз сӯи Русия аст. Ин артиш бо аслиҳаи дигар ҷангида ҳам наметавонад, чунки ба силоҳҳои русӣ одат кардааст ва ин аслиҳаи қобили эътимод ва барои рафъи ҳар навъ таҳдиди низомӣ дар ҷабаҳоти ҷангҳои эҳтимолӣ дар он минтақа коромад аст. Ин 1000 техника аз ҷумла аз тонкҳо иборат буд ва арзишаш ҳам чизе дар давру бари 1 миллиард доллар гуфта мешавад. Як тонки нави русӣ аз 12 то 40 миллион доллар аст. Ончи ки мо ба Тоҷикистон додем, барои он кишвар ва он минтақа таслиҳоти муосир ба шумор меояд. Ин ҳама ҳокист, ки хатари бесуботӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад ва бо рафтани нирӯҳои Амрико аз Афғонистон таҳдиди чунин бесуботӣ хоҳад афзуд. Ва дар посух бояд тавони низомии Тоҷикистону Русия низ тақвият дода шавад. Раҳмон ба ҳамин далоил гузашт кард ва аз идомаи савдо бар сари пули иҷора барои пойгоҳи Русия даст кашид. Фикр мекунам, Русия низ дар муқобил ба гузаштҳое розӣ хоҳад шуд.»

Пурсиш: Оё Русия ба бозгашти марзбононаш ба марзи Тоҷикистону Афғонистон дар оянда ҳам исрор хоҳад варзид?

Владимир Мухин: «Агар вазъи расидагӣ ба қочоқи маводи мухаддир бадтар шавад ва агар бо хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон боз ҳам толибҳои ситезаҷӯ ба қудрат бирасанд ва вазъи онҷо ба Тоҷикистону кишварҳои дигари ин сӯи Омӯ таъсир кунад, фикр мекунам, Эмомалӣ Раҳмон худ хоҳад хост, ки марзҳояшро Русия ва кишварҳои дигар ҳимоят кунанд. Чун дар авоили солҳои 1990, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нирӯҳои муштараки ҳомии сулҳ мустақар шуда буд.»

Пурсиш: Сарусадоҳое ҳам ҳаст ки шояд як асбоби муомила ахзи ризоияти Маскав ба тамдиди навбатии замони ҳукумати худи Эмомалӣ Раҳмон дар баҳои тамдиди замони ҳузури пойгоҳ бошад. То куҷо ин фарзия метавонад воқеъият дошта бошад?

Владимир Мухин: «Чаро Русия бояд дар умури дохилии Тоҷикистон дахолат кунад? Режимҳои яккатози ҳокимоне, ки оғози ҳукуматашон ҳанӯз аз аҳди Шӯравист, фақат режими Раҳмон нест. Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон, Ислом Каримов дар Узбакистон ва ё сулолаи Алиевҳо дар Озарбойҷон даҳсолаҳо боз дар сари қудратанд. Русия маъмулан ба чунин масоил дахолат намекунад. Раҳмон Русияро қаноат медиҳад. Маскав бо ӯ музокирот ва муомила карда метавонад. Ва тавре аз натоиҷи музокироти Медведев ва Раҳмон бармеояд, масоили ҷамъшударо бо ӯ метавон бомуваффақият ҳал кард.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG