Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қалъабандӣ"-и кадрҳо


Сиёсати кадрии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро метавон бо як истилоҳи шоҳмот шарҳ дод: “қалъабандӣ”. Яъне, вақте мӯҳраҳо ҷойи ҳамдигарро мегиранд.

Аз як курсӣ ба курсии дигар нишастан роҳи бисёре аз мансабдорони тоҷик аст. Бо фармони раисиҷумҳур онҳо даста-даста аз як гурӯҳи вазифаҳо ба вазифаҳои дигар "кӯчонда" мешаванд.

Дар ҳукумати Тоҷикистон беш аз ҳама сарварони ниҳодҳое чун Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Кумитаи давлатии аманияти миллӣ, вазоратҳои нақлиёт, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, мелиоратсия ва хоҷагии об ва ширкати “Барқи Тоҷик” “қалъабандӣ” мешаванд.

Аммо сарвазир, вазирони дифоъ, молия, энергетика ва раҳбари роҳи оҳан ҳамеша дар курсиҳои худ боқӣ мемонанд. Барои кадом хидматҳо президент ин мансабдорони собиқадорро иваз намекунад?

Чанд сол пеш Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат бо ишора ба ҷойивазкуниҳои бешумор гуфт, "дар киса"-аш дигар кадр намонд. Вале ҷомеаи кишвар ин ҳарфро аслан қабул надорад. Коршиносон мегӯянд, садҳо нафар дар соҳибкорӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ муваффақ буда, даҳҳо чеҳраи саршинос дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ мекунанд.

Барои мисол, зиёда аз 100 нафари онҳо дар шабакаи фейсбукии "Конуни ислоҳталабони Тоҷикистон” ҷамъ омадаанд, ки аксаран мутахассисони дараҷаи олии бахшҳои гуногуни иқтисодиётанд.

Бо вуҷуди ин, мардуми Тоҷикистон маҷбур аст, бо онҳое, ки ба сари ҳокимият омадаанд, қаноат варзад. Ба ақидаи коршиносон, дар байни раҳбарони идораву муассисаҳо мудирони хуб ҳам ҳастанд, аммо онҳо истиқлолияти кофӣ надоранд.

Журналист Марат Мамадшоев мегӯяд, ҳокимияти қавии мутамарказ вазиронро аз ҳама гуна ташаббуси мустақилона метарсонад. Ба ибораи дигар, вазирон ба хотири курсии худ аз мустақилият даст кашидаанд.

Дар ин байн, дар Тоҷикистон “қалъабандӣ” идома дорад. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ростои интихоботи нави президентӣ низ аз услуби кӯҳнаи ҷойивазкуниҳо худдорӣ накард.

"Қалъабандӣ"-и кадрҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG