Пайвандҳои дастрасӣ

Крисмаси русӣ. Милоди Масеҳ ва православҳои дунё


Медведев ва ҳамсараш дар намози идона

Медведев ва ҳамсараш дар намози идона

Рӯзи 7 январ миллионҳо пайрави калисои православӣ дар саросари ҷаҳон мавлуди Исои Масеҳро ҷашн мегиранд.

Дар намози идона дар калисои "Исои Наҷотбахш" дар шаҳри Маскав 5 ҳазор нафар, аз ҷумла раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ширкат карданд.

Усқуфи калисои православии Русия Кирилл дар рӯзи таҷлил аз мавлуди Исои Масеҳ аз давлат даъват кард, ба ҳарфу дархостҳои эътирозгарон гӯш бидиҳад.

Ӯ гуфт, "давлат бояд аз роҳи муколама ва гӯш додан ба ҷомеа, хатти машшашро ислоҳ кунад.” Русия дар ҳафтаҳои охир шоҳиди мавҷи эътирозҳо алайҳи тақаллуб дар интихоботи Думаи давлатӣ ва бо талаби хатми раёсати сарвазир Владимир Путин шудааст.

Намозҳои идона рӯзи шанбе дар Байтуллаҳми каронаи ғарбӣ, Искандарияи Миср ва шаҳрҳои дигари православнишин низ баргузор шуд.

Калисои православӣ ба далели корбурди тақвими юлианӣ, ки аз тақвими григорианӣ 2 ҳафта ақиб мемонад, мавлуди Масеҳро дар таърихи 7 январ таҷлил мекунад. Аммо пайравони шохаҳои дигари масеҳият, аз ҷумла католикҳо, ки бар пояи тақвими григорианӣ фаъолият мекунанд, милоди Масеҳро ҳар сол 25 декабр ҷашн мегиранд.

Православҳои Тоҷикистон низ мавлуди Масеҳро ҳар сол рӯзи 7 январ таҷлил мекунанд...

Православҳои Тоҷикистон низ мавлуди Масеҳро ҳар сол рӯзи 7 январ таҷлил мекунанд...

Дар Тоҷикистон низ ҳазорҳо пайрави шохаи православи масеҳият мавлуди Исои Масеҳро, ки бештар бо номи "Рождество" маъруф аст, ҷашн мегиранд. Сергей Клименко, роҳиби калисои православӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси тақвими юлианӣ рӯзи мавлуди Масеҳ ба 7 январ рост омада, соли нав дар рӯзи 13-уми январ фаро мерасад.

​Вале бояд гуфт, худи давлати Русия ба фарқ аз калисои православи рус, аз рӯйи тақвими григорианӣ кор мекунад ва аз ин сабаб мардуми Русия ҷашни соли навро дар рӯзи якуми январ таҷлил мекунанд.

Аз ин ҷост, ки дар миёни пайравони фирқаи парвослави масеҳият бештар ибораи "Соли нав" ва "Соли нави кӯҳан" шунида мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳоло 6 калисои православӣ амал мекунад ва пайравони ин мазҳаби масеҳият ҳудуди 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ба қавли рӯҳониёни калисои масеҳӣ, бештари пайравони онҳо дар замони даргириҳои солҳои навадум аз Тоҷикистон ба хориҷ рафта ва дигар барнагаштаанд. Бо ин ҳама, дар Тоҷикистон шохаи православи масеҳият аз умдатарин мазҳаби ғайриисломӣ маҳсуб мешавад.

Дар навори зер: Таҷлил аз милоди Масеҳ аз сӯи православҳои Қазон

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG