Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи ҳафтуми январ ноқуси калисои православи рус дар Душанбе беш аз ҳар вақти дигар пайравонашро ба тоату ибодат даъват кард ва садҳо нафар рӯзи милоди Масеҳ ё “рождествo”-ро дар ин калисо таҷлил карданд.

Пайравони калисои православи рус ба худ салиб кашида шамъ дар даст вориди ҳавлии калисо шуданд.

Соли нав ва Соли нави кӯҳна

Бар хилофи фирқаҳои дигари масеҳият пайравони калисои провославӣ бар ин боваранд, ки Исои Масеҳ рӯзи ҳафтуми январ зода шудааст. Онҳо милоди Масеҳро рӯзи ҳафтум таҷлил карда, соли навро чордаҳуми январ пешвоз мегиранд, ки дар Русия ба исми “Соли нави кӯҳна” маъруф аст.

Аммо католикҳо ва протестантҳо, ду фирқаи бузурги масеҳият, ҷашни милоди Масеҳро дар рӯзи 25-уми декабр ва соли навро рӯзи якуми январ пешвоз гирифтанд. Рӯҳонӣ Сергей Клименко, масъули калисои православи рус дар Душанбе, мегӯяд, ихтилоф дар бораи рӯзи мавлуди исои Масеҳ ихтилофи ҷиддӣ набуда, балки ба тақвимҳое вобаста аст, ки фирқаҳо аз онҳо истифода мекунанд.

“Ин ҳама ба тақвими юлианӣ ва григорианӣ вобаста аст. Бино бар ин, кадом калисое, ки яке аз ин тақвимҳоро қабул кардааст, тибқи он амал мекунад, ки ҷашни милоди Масеҳ низ дар пайи он ба рӯзҳои мухталиф рост меояд. Рӯзи 25-уми декабр дар мо, дар Русия низ таҷлил мешавад. Аз рӯи тақвиме, ки ҳукумати Русия қабул кардааст. Аммо калисои православи рус тақвими худро дорад. Мусулмонҳо низ тақвими хоси худро доранд. Яъне, моҳҳо ва рӯзҳои муайяне, ки ба тақвими мусулмонҳо марбут аст. Масеҳиён низ агар ҳар ихтилофе барои ҷашни паёмбари худ доранд, аз ҳамин тақвим аст”, -афзуд ӯ.

Ҳамон тавре, ки рӯҳонӣ Сергей Клименко мегӯяд, онҳо барои ҷашни милоди масеҳ се рӯз қабл омодагӣ мегиранд ва ин ҷашнро то рӯзи дувоздаҳуми январ идома медиҳанд.

Рӯзи муқаддас

Екатерина, намозгузори калисои шаҳри Душанбе
Аксари онҳое, ки дар Тоҷикистон аз фирқаи православи рус пайравӣ мекунанд, занони солхӯрдаи русзабонанд, ки дар даврони Шӯравӣ ба ин ҷо омада, Тоҷикистонро макони зисти худ ихтиёр кардаанд.

Екатерина, як сокини русзабони Тоҷикистон, ки аз дохили калисо берун меомад, гуфт, рӯзи милоди Масеҳ дар зиндагии ӯ аз муҳимтарин ҷашнҳост.

“Чӣ бигӯям? Ин рӯзи муқаддас аст. Чӣ хеле ки тоҷикон ид доранд, дар мо ҳам чунин аст. Ба манзили якдигар меравем, ҳамсояҳоро низ агар биёянд, хуш омадед мегӯем. Ҳатман дастархон ҳам ороста мешавад, ки дар он бояд дувоздаҳ навъи хӯрданӣ бошад. Ин маҷбурӣ нест, касе агар қудрат дошта бошад. Лекин будани гӯшти моҳиву мурғ рӯйи дастархон муҳим аст”, -илова кард Екатерина.

Аммо дар қатори одами зиёде, ки дар калисо буд, нафаронеро ҳам вохӯрдан мумкин буд, ки аслан аз моҳияти масеҳият ва рӯзи милоди Масеҳ огоҳӣ надоштанд.

Афзоиши намозгузорони масеҳӣ

Татяна, як зани солхӯрдаи рус, ки бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, ӯ дар даврони Шӯравӣ таълимоти атеистӣ ё бехудоиро гирифтааст ва аз ин рӯ, дақиқ намедонад, ки чӣ гуна бояд аз милоди Масеҳ таҷлил кард ва дар калисо чӣ бояд хонд. Хонум Татяна гуфт, чун хеле солхӯрдааст, мехоҳад акнун ниёиш бикунад ва ба калисо омадааст: “Мо атеист таваллуд шудаем. Барои ҳамин, ба калисо меоем ва дар ин ҷо чизеро бигӯянд, иҷро мекунем.”

Дар ин қатор як хонуми дигари русзабон, ки мегӯяд, синнаш аз панҷоҳ гузаштааст, дар бораи ҷузъиёти иди милоди Масеҳ чизе намедонад.

Вале мегӯяд, ба онҳо одат шудааст, ки дар рӯзи ид ба калисо оянд ва ниёиш кунанд: “Бояд шамъ фурӯзон кард ба хотири сиҳҳатӣ, ба хотири наздикону гузаштагон. Ҳам умед мекунем, ки оянда беҳтар шавад.”

Оши палов дар рӯзи милоди Масеҳ

Александр Мелников, пайрави калисои православӣ дар Душанбе
Александр Мелников, як пайрави калисои православи рус дар Тоҷикистон низ бо гиронидани шамъ ва сари таъзим фуруд овардан ростои салиб ибодаташро ба анҷом расонд.

Вай гуфт, онҳо дар калисо муддати зиёде намеистанд ва пас аз хатми ибодат, ҳатман ба манзили худ бармегарданд ва ҷашнро дар он ҷо ва дар канори аҳли хонавода идома медиҳанд.

Мелников дар Тоҷикистон зода шудааст ва худро тоҷик медонад ва аз ин рӯ гуфт, ки дар ҳама рӯзҳои ид, аз ҷумла дар рӯзи ҷашни милоди Масеҳ дар хонааш оши палав омода мекунад.

Ӯ гуфт: “Палав омода мекунем. Ҳамаи кори пухтупазро худам анҷом медиҳам, ҳамсарам бароям кӯмак мекунад. Ман солҳост, ки ин идро бо хушӣ таҷлил мекунам. Аз замоне ки маро ба ин калисо оварданд.”

Афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонони масеҳӣ ба дин

Дар рӯзи таҷлил аз милоди Масеҳ дар қатори занони солхӯрдаву миёнсоли рус ҷавонон ҳам буданд. Ҳатто як гурӯҳи наврасон дар ин калисо саҳнаҳо ба намоиш гузоштанд.

Хонум Екатерина, мегӯяд, ҳамон гунае, ки таваҷҷӯҳ ба ислом дар миёни ҷавонони тоҷик афзоиш дорад, ҷавонони масеҳӣ низ имрӯз ба дини худ таваҷҷӯҳи бештаре нишон медиҳанд: “Бубинед, имрӯз чӣ қадар одами зиёд ба калисо омадааст. Худоро шукр, ҷавонон ҳам ба ин саф ҳамроҳ шудаанд. Ба мисли ҷавонони тоҷик, ки имрӯз ба ислом таваҷҷӯҳ доранд.”

Рӯзи милоди масеҳро инчунин калисои православи рус дар шаҳрҳои Хуҷанду Чкаловски вилояти Суғд ҳам таҷлил кардаанд. Бахусус, ин ҷашн барои православҳои шаҳри Хуҷанд, ки то чанд моҳи пеш калисо надоштанд, рӯзи хушҳолӣ будааст.


Ҷамъияти насрониҳои Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон, ки аксарияти сокинонаш аз дини мубини ислом пайравӣ мекунанд, дар бораи ҷузъиёти иди насрониён сӯҳбат намешавад. Худи онҳо низ ба таҷлили бо шукӯҳи чунин ҷашнҳо дар калисоҳои масеҳӣ бетафовут менигаранд.

Соҳибёри Толиб, як сокини Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ба ӯ муҳим нест, ки масеҳиён чӣ гуна идҳои худро таҷлил мекунанд, муҳим ин аст, ки дар калисо ва дар чорчӯби қонунҳои Тоҷикистон таҷлил кунанд ва ба иззати нафси мусулмонҳое, ки зоҳиран дар кишвар худ ба мушкил печидаанд, нарасанд.

Бо ин ҳол, намояндагони фирқаи православӣ аз қадимтарин созмонҳои динии ғайриисиломӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Нахустин калисои православӣ дар Тоҷикистон бо оғози фаъолияти марзбонони рус дар минтақаи марзии Осиёи Миёна дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон, дар шарқи кишвар, дар тақрибан 150 сол пеш бунёд шудааст. Сипас, калисоҳои православӣ ё ортодокс дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Турсунзода, Регар, Чкаловск, Истаравшан низ дар давраҳои мухталифе бунёд шудаанд.

Дар аввалҳои соли 1960, бо фармони Никита Хрушёв, раҳбари вақти Иттиҳоди Шуравӣ, биноҳои калисоҳои провославӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Истаравшани Тоҷикистон баста шуданд.

Бузургтарин калисои православӣ дар маркази шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, воқеъ аст ва ба гуфтаи Сергей Клименко, поп ё роҳиби калисои ортодкси рус, дар соли 1946 шаҳрдори Душанбе иҷозаи тахсиси як қитъаи замин барои сохтмони ин ибодатгоҳро додааст.

"Бо мусалмонон муносибати хубу хуш дорем"

Мария, як зани солхӯрдаи рус мегӯяд, тӯли ҳафтод сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва пушти сар кардани ин ҳама сол барояш осон набудааст. Аммо ӯ мегӯяд, муҳаббати тоҷикон, ҳамон тавре, ки худи ӯ ишора кард, мусулмонҳои Тоҷикистонро намешавад ба ҳич чиз иваз кард.

“Мардуми хуб аст. Муносибаташ ҳам хуб. Барои мисол, агар ба мусофирбар бароӣ, ҳатман хурдсолон барои калонсолон ҷойи худро медиҳанд. Бо ҳамсояҳо низ муносибати хубу хуш дорем. Аз ин зиёд намешавад”, -афзуд ӯ.

Коршиносони тоҷик ҳам мегӯянд, шояд калисои православи рус танҳо калисои масеҳист, ки на бо мардуми маҳаллӣ ва на бо ҳукумат вориди мушкил нашудааст.

40 ҳазор насронии православӣ


Бо ин ҳол, калисои православи рус аз бузургтарин иттиҳодияи динии ғайриисломӣ дар Тоҷикистон буда ба гуфтаи Сергей Клименко феълан аз он ҳудуди 40 ҳазор нафар пайравӣ мекунанд.

Шуморае, ки ба қавли роҳиби калисои православ, ба бист дарсади теъдоди парвославҳое, ки то соли навадум дар Тоҷикистон буданд, баробар аст.

Сергей Клименко мегӯяд, дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ аксари православҳо кишварро тарк карданд ва ҳамин тавр сафи онҳо низ коҳиш ёфт. Вале ӯ умед дорад, ки насли ҷавон талош хоҳанд кард, то садои ноқуси калисои онҳо хомӯш нашавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG