Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз нақшаи таҳримҳои бархе аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Эрон ба хушӣ истиқбол кард.

Дипломатҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, дар масъалаи таҳрими хариди нафт аз Эрон ба тавофуқи муқаддамотӣ даст ёфтаанд.

Алан Жупе, вазири умури хориҷии Фаронса, рӯзи чаҳоршанбе (4 январ) гуфт, ҷузъиёти созиш дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ хоҳад шуд.

Ӯ афзуд, "рӯзи 30 январ нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узв баргузор мешавад ва ман умедворам, дар ин нишаст қарор дар бораи таҳрими воридоти нафту маводи сӯхти нафтӣ аз Эронро қабул мекунем. Корҳо дар ин самт хуб пеш мераванд."

Майкл Манн, сухангӯи Кетрин Эштон, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати пайдо кардани сарчашмаҳои алтернативии хариди нафт, қарори таҳрими воридоти нафт аз Эрон ниҳоӣ мешавад.

Ба қавли ӯ, "маълум аст, ки тавофуқ ба осонӣ ба даст наомад. Баъзе аз кишварҳои узв, аз Эрон нафти зиёд мегиранд ва аз ин рӯ бояд сарчашмаҳои дигари хариди нафт пайдо кунанд. Албатта, инҷо масъалаи коҳиши хароҷоти давлатӣ ҳам ҳаст ва аз ин хотир бояд сари ҳама чиз бодиққат андеша кунем."

Виктория Нуланд

Виктория Нуланд

Амрико ва теъдоди дигаре аз кишварҳои ғарбӣ то кунун бинобар барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон алайҳи ин кишвар таҳримоти иқтисодӣ эъмол кардаанд. Созмони Милал низ бинобар сарпечии Эрон аз боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум чаҳор маротиба Эронро бо таҳримҳои байнулмилалӣ танбеҳ додааст. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, то пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, аммо Теҳрон ин иддаоҳоро рад карда мегӯяд, барномаҳои атомиаш танҳо ба хотири тавлиди нерӯи барқ ва дигар аҳдофи сулҳомез аст.

Дар сурати даст кашидани кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз хариди нафти Эрон, фишор ба иқтисоди бемори ин кишвар афзоиш хоҳад ёфт, чун 50 дарсади даромади буҷаи давлатии Эрон аз ҳисоби фурӯши нафт аст ва бештар аз 17 дарсади нафти Эронро кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мехаранд. Аммо ширкати миллии нафти Эрон мегӯяд, даст кашидани кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз хариди нафти кишвар, ҳеҷ паёмади манфие нахоҳад дошт, зеро дар бозорҳои Осиё ба мисли Ҳинду Чин харидор хоҳад ёфт.

Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон мегӯянд, Эрон маҷбур мешавад, нафти худро ба мизоҷонаш дар бозорҳои осиёӣ бо нархи арзонтаре бифурӯшад. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико аз тасмими кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барои таҳрими воридоти нафт аз Эрон истиқбол кард ва гуфт, ин тавофуқ баъди машваратҳои зиёде ҳосил шудааст. Вай гуфт, "ин аз он иқдомҳоест, ки мо мехоҳем на танҳо аз муттаҳидони наздики худ, аз ҷумла дар Аврупо бубинем, балки мехоҳем, кишварҳои дигар низ аз ҳамин роҳ бираванд."

Виктория Нуланд афзуд, Тимотӣ Гейтнер, вазири дороии Амрико ҳафтаи оянда ба Чин сафар мекунад, то масъалаи ҳамоҳангии таҳримҳои Бонки Марказии Эрон аз тарафи Амрикоро бо мақомоти Пекин баррасӣ намояд. Айни замон ҳукумати Эрон эълом кард, ки дар гулӯгоҳи Ҳурмуз як роҳи ҳаётии интиқоли нафт ба бозорҳои ҷаҳонӣ тамринҳои дигари низомӣ баргузор хоҳад кард.

Ҳафтае пеш Эрон ҳушдор дод, дар сурати таҳрими саноати нафти Эрон ва ё фиристодани киштиҳои Амрико ба Халиҷи Форс хомӯш нахоҳад нишаст. Аммо давлати Амрико гуфт, таҳдидҳои Эрон баёнгари заифтар шудани он аст ва Иёлоти Муттаҳида аз қасди ирсоли киштиҳояшон ба Халиҷи Форс даст нахоҳад кашид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG