Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби паймони коҳиши силоҳҳои ҳастаӣ дар Cенат


Сенати Амрико паймони коҳиши силоҳҳои атомӣ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Русияро тасвиб кард, ки як пирӯзии бузурги Барак Обама дар сиёсати умури хориҷӣ, аз ҷумла беҳбуди равобит бо Русия ва ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои атомӣ унвон шудааст.

Сенат баъди баҳсҳои пуршиддат бар сари паймон, ки Ҳизби Ҷумҳурихоҳ мухолифи он буд, бо 71 раъйи мувофиқ ва 26 раъйи мухолиф онро тасвиб кард. Тасвиби паймон ба Барак Обама кӯмак мекунад, равобити Амрико бо Русияро беҳбуд бахшида ва талошҳояш барои монеъ шудан ба дастёбии дигар кишварҳо, аз ҷумла Кореяи Шимолӣ ва Эрон ба силоҳҳои атомиро бештар кунад.

Ҷон Керрӣ, сенатори демократ гуфт, “бо ин санад, Амрико ба Эрону Кореяи Шимолӣ паём мефиристад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар амри муқобила бо баландпарвозиҳои ҳастаии кишварҳое, ки хориҷ аз қавонин амал мекунанд, муттаҳид мемонад.”

Бар асоси ин паймон, Амрико ва Русия бояд то 7 соли оянда теъдоди мушакҳои омодаи дурпарвози атомии худро коҳиш диҳанд ва ҳар яке на бештар аз 1550 мушакӣ дошта бошанд. Мушакандозҳои фаъоли ду тараф низ набояд аз 700 адад бештар бошанд. Тасвиби паймон, ки бо кӯмаки раъйи 13 вакили ҷумҳурихоҳ ба даст омад, баъди шикасти ҳизби Барак Обама дар интихоботи миёндавраии порлумонии моҳи ноябр дар Амрико як пирӯзии бузург маҳсуб мешавад. Ҳизби Демократ дар он интихобот, назорати Маҷлиси намояндагонро аз даст дод, агарчӣ дар сенат ба сахтӣ аксарияти курсиҳоро ҳифз кард.

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия қабл аз раъйгирӣ дар сенати Амрико ибрози умедворӣ кард, ки ин санад ба тасвиб хоҳад расид. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, аз тасвиби паймон истиқбол кард, вале гуфт, Русия пеш аз тасвиб бояд онро биёмӯзад.

Аммо аз тасвиби паймони мазкур на ҳама хушҳол шуданд, аз ҷумла баъзе аз вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки мегӯянд, паймони коҳиши силоҳҳои стротежик, ихтиёроти Амрико дар амри ҳифзи амнияти миллиро маҳдуд мекунад.

Сенатор Ҷим Деминт гуфт, сенати ғайримасъул таҳти фишор ва муомилаҳои пасипардагӣ, розӣ шудааст, то паймонро тасвиб намояд. Ӯ гуфт, агар Барак Обама, ба ихтисоси миллиардҳо доллар барои навсозии зарродхонаи ҳастаии кишвар мувофиқат намекард, паймони нави коҳиши силоҳҳои стротегӣ дар сенат тасвиб намешуд. Паймони мазкурро Барак Обама ва Дмитрий Медведев моҳи апрели соли равон имзо карданд.
XS
SM
MD
LG