Пайвандҳои дастрасӣ

Ду шаҳрванди Амрикоро, ки дар Эрон ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуданд, дар ивази васиқа озод карданд

Шаҳрвандони Амрико ба ҷосусӣ байбдор мешуданд. Шон Бауери 28-сола ва Ҷош Фатали 29-сола баъди судури ҳукми додгоҳ барои пазируфтани васиқаҳои 500 ҳазордолларӣ, зиндони Эвин воқеъ дар шаҳри Теҳронро тарк кардаанд.

Ҳардуро соли 2009 зимни кӯҳнавардӣ баъди вурудашон аз хоки Ироқ ба Эрон дар марз боздошт ва моҳи сентябри гузашта ба зиндон маҳкум карданд. Ба гуфтаи хабаргузориҳо, шаҳрвандони Амрикоро, дипломатҳои швейтсария ва Уммон дар роҳ ба сӯи фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон ҳамроҳӣ мекарданд.

Шон Бауэри 28-сола ва Ҷош Фаттал, ки аз ӯ ҳамагӣ як сол бузургтар аст, дар моҳи гузашта бо ҷароими “убури ғайриқонунии марз” ва “ҷосусӣ” 8-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Онҳо ва дӯстдоштаи Бауэр - Сара Шоурд - ҳанӯз моҳи июли соли 2009 ҳангоми кӯҳнавардӣ дар як кӯҳистони воқеъ дар марзи Эрону Ироқ боздошт шуданд. Худи онҳо мегӯянд, ҳангоми кӯҳнавардӣ нодониста вориди хоки Эрон шудаанд. Аммо Теҳрон бар ин бовар аст, ки онҳо алайҳи Ҷумҳурии исломӣ ҷосусӣ мекарданд.

Сара Шоурд моҳи сентябри соли гузашта дар ивази ним миллион доллар пули васиқа озод шуд ва ба Амрико баргашт. Дар ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар мусоҳиба бо расонаҳои амрикоӣ хабар дода буд, ки Бауэр ва Фатталро низ таҳти айни шароити Шоурд ба зудӣ раҳо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG