Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қӯрғонтеппа аз идомаи фаъолияти як курси омӯзиши ислом, ки дар он ҳудуди 90 нафар таълим мегирифтанд, ҷилавгирӣ шудааст.

Ҷумъаназар Сайидалиев, додситони Қӯрғонтеппа, дар ҷараёни сӯҳбаташ бо аҳли зиёи шаҳр, афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ба улуми исломиро ба афзоиши шумори масоҷиди ҷомеъву панҷвақта дар кишвар марбут донист, ки ба иддаои ӯ “фоли нек” нест.

Ҷаноби Сайидалиев ба талошҳои бархе аз гурӯҳҳо барои исломисозии ҷомеаи Тоҷикистон таъкид намуд, ки мояи нигаронии давлату мақомот шудааст. “Исломисозии ҷомеа дар шароити кунунии Тоҷикистон ба сиёсишавии ислом оварда мерасонад, ки ин фоли хуб набуда, метавонад вазъяити сиёсиву иҷтимоии кишварро ноором кунад”,-гуфт додситони шаҳри Қӯрғонтеппа.



Аммо Ҷумъаназар Сайидалиев дар ин сӯҳбати худ аз кадом гурӯҳи хосе, ки барои исломишавии ҷомеаи Тоҷикистон талош мекунад, ном набурд.

Ҳоло масҷиде, ки мадрасаи басташуда дар заминаи он фаъолият мекард, ҳамроҳ бо чаҳор масҷиди дигар бинобар адами шароити мусоид барои намозгузорӣ ва вазъи бади эпидемиологӣ ба пардохти ҷарима маҳкум шудааст. Ин масҷид ҳанӯз дар оғози солҳои навадум бунёд ёфта, аз масҷидҳои кӯҳнаи шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳисоб мерафт.

Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа, ҳам гуфт, ба имом-хатибони ин масоҷид ҳушдор додаанд, ки дар сурати ба зудӣ ислоҳ нашудани камбудҳои ошкоргардида фаъолияти онҳо қатъ хоҳад шуд. Вай ҳамчунин гуфт, “ҳамин рӯзи ҷумъа мешавад, (мебахшед маро) роҳҳо баста мешаванд. Аммо як дарахт шинон гӯӣ, дарахт намешинонанд. Ба як ҳамсояат кӯмак кун гӯӣ, кӯмак намекунан...”

Бо ин ҳол, ба қавли додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа феълан 12 масҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи расман сабтиномшудаи маҳҳалӣ ва се ибодатгоҳи пайравони адёни дигар озодона фаъолият доранд ва ҳеҷ ниҳоди расмӣ барои фаъолияти онҳо маҳдудият эҷод накардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG