Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар обхезиҳои Вйетнам беш аз сад кас қурбон шуданд


Теъдоди қурбониёни обхезии мудҳиш дар Вйетнам аз марзи сад нафар убур кард.

Ба иттилоъи расмӣ, бештари қурбониён -сокинони ҷануби кишваранд, ки он ҷо бар асари боронгариҳои шадид рӯдхонаи Меконг аз соҳилҳояш берун шудааст. Бар асари обхезӣ 65 кудаку наврас ба ҳалокат расидаанд.

Шумораи умумии осебдидагон тақрибан як миллион нафар аст, 140 ҳазор манзил пурра зери об мондааст.

Боронгариҳои шадид дар кишварҳои ҳамсоя – Тайланд ва Камбоҷа ҳам боиси обхезиҳои фалокатбор шудааст.
XS
SM
MD
LG