Пайвандҳои дастрасӣ

“Хайр” аз идомаи мусобиқот даст кашид


Лаҳзае аз бозии миёни дастаҳои "Хайр"-у "Вахш". Моҳи апрели соли 2011

Лаҳзае аз бозии миёни дастаҳои "Хайр"-у "Вахш". Моҳи апрели соли 2011

Бозиҳои даври 37-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

“Шодмон” (Ҳисор) - ССКА “Помир” (Душанбе) - 2:3 (0:2). Голҳо: Рамазон Сафаров ва Баҳриддин Ҳаитов (“Шодмон”) - Комил Саидов (2 гол) ва Денис Сенчук (ССКА “Помир”).

“Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) - “Гвардия” (Душанбе) – 5:1 (3:1). Голҳо: Анвар Норқулов (4 гол) ва Хайрулло Ғайбуллоев (“Парвоз”) - Темур Исмоилов (“Гвардия”).

“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – 4:2 (3:0). Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов (2 гол), Баҳодур Шарифов ва Давронҷон Тухтасунов (ҷаримаи 11-метра, “Регар-ТадАЗ”) - Меҳроб Заҳурбеков (2 гол, “Вахш”).

“Энергетик” (Душанбе) - “Равшан” (Кӯлоб) – 2:3 (2:2). Голҳо: Фозил Сатторов (2 гол) ва Фаридун Рустамов (“Равшан”) - Габриэл Донто ва Бахтиёр Чориев (“Энергетик”).

Бозии “Энергетик” ва “Равшан” дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб барпо гардид. Вале бар асоси тақвими мусобиқот ин бозӣ мебоист дар Душанбе баргузор мешуд. Иллати дар шаҳри Кӯлоб доир шудани бозиро Ҳотам Холмуродов, раиси клуби футболи “Энергетик”, ба “Озодӣ” чунин шарҳ дод: “ Мехостем ин бозӣ дар варзишгоҳи “Автомобилист” ё “Спитамен” (собиқ “Спартак”)-и Душанбе барпо гардад, вале ходимони мақомоти ҳифзи тартибот барои назму амният дар бозии футбол кафолат надоданд. Мо барои гузаронидани бозӣ дар варзишгоҳҳои ноҳияҳои Панҷ ва Шаҳринав гуфтушунид кардем, вале боз ҳам бо мақомоти ҳифзи тартибот ба ифоқа наомадем. Баъд аз ин мехостем, ки аз ширкат дар ин бозӣ даст кашем ва ба мо бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3 дода шавад. Вале дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки ба ҷуз бохти техникӣ боз ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима баста мешавем. Бинобар ин маҷбур шудем, ки бозиро дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб гузаронем. Ҳарчанд медонистем, ки барои мо имкони пирӯз шудан бар дастаи “Равшан” дар меҳмонӣ хеле кам аст”.

Бозии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат мебоист имрӯз, 3-юми ноябр, дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и пойтахти кишвар доир мешуд. Вале ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ ба иллати аз бозиҳои боқимондаи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар даст кашидани дастаи “Хайр” барпо намегардад ва “Истиқлол” бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста мешавад.

Ҷаноби Аҳмадов афзуд: "Мо хеле афсӯс мехӯрем, дастаи пурқуввати “Хайр”, ки мухлисони зиёд дорад, аз мусобиқот хориҷ мешавад. Дирӯз, 2-юми ноябр, ба унвони раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Сӯҳроб Қосимов аз номи раиси Клуби футболи “Хайр” Қутбиддин Хайров нома гирифтем, ки ӯ хоҳиш кардааст, дастаро аз сабаби набуди маблағ аз бозиҳои боқимондаи чемпионат озод намоем. Мо дар навбати худ аз номи ФФТ ба унвони раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин нома навишта, аз ӯ хоҳиш кардем, ки барои дар бозиҳои боқимондаи чемпионат ширкат кардани дастаи “Хайр” тадбирҳо ҷуста, кӯмаки молӣ расонад. Посухи эшонро интизорем."

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот “Равшан”-и Кӯлоб бо 77 имтиёз аз 33 бозӣ дар ҷои аввал аст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 70 имтиёз аз 30 бозӣ дар ҷои дуввум мебошад. “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 24 бозӣ кардааст, бо 64 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои севум қарор дорад.
Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот миёни се дастаи пешсаф идома хоҳад кард.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 20 гол дар ҷои аввал аст. Комил Саидов (ССКА “Помир”) бо 19 гол дар ҷои дуввум ва Габриэл Донто (“Энергетик”) бо 18 гол дар ҷои саввум мебошанд. Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 17 гол, Пирмурод Бурҳонов (“Хайр”) ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 16-голӣ задаанд.

Бозиҳои даври 38-уми мусобиқот рӯзҳои 6-ум ва 7-уми ноябр баргузор мешаванд: 6-уми ноябр - “Хуҷанд” - “Гвардия”, 7-уми ноябр - “Энергетик” - “Вахш”, “Регар-ТадАЗ” - “Равшан”, “Истиқлол” - ССКА “Помир”. Бозиҳо соати 15 шурӯъ хоҳанд шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Равшан"

33

25

2

6

68-29

77

2.

"Регар-ТадАЗ"

30

22

4

4

79-24

70

3.

Истиқлол”

24

21

1

2

66-13

64

4.

"Хайр"

31

17

3

11

61-32

54

5.

Энергетик

31

16

3

12

60-48

51

6.

ССКА “Помир”

31

14

2

15

54-56

44

7.

"Вахш"

31

12

3

16

33-37

39

8.

уҷанд"

33

11

5

17

41-62

38

9.

“Парвоз

34

9

4

21

38-64

31

10.

Шодмон”

34

7

2

25

37-92

23

11.

вардия"

32

2

3

27

29-109

9

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG