Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъияти уламои исломии Покистон аз муборизаи мусаллаҳона даст мекашад


2008
2008
Мавлоно Фазлурраҳмон, раиси ҳизби Ҷамъияти уламои исломии Покистон, ки аз Толибон ҷонибдорӣ мекунад, имрӯз аз муборизаҳои мусаллаҳона даст кашид. Вай гуфт, ки ҳизби ӯ аз роҳи қонунӣ ва демократия барои татбиқи қонунҳои шариат дар ҷомеа мубориза хоҳад бурд:

“Ин як тасмими умумии ҳама аҳзоби мазҳабӣ дар Покистон аст, ки дар ин санад ифода шуда, ба муборизаи бесилоҳ дар чаҳорчӯби қонуну конститутсия даъват мекунад. Бар пояи ҳикмати мактаби Девбандӣ ба мувофиқа расидем, ки бар ивази муборизаи мусаллаҳона мо аз роҳи қонун ва барқарории сиёсии Покистон қадам хоҳем зад. Ҷамъияти уламои исломӣ ҳамоиши азимтарини раҳбарони мазҳабии Покистон ба шумор меравад”.

Фазлурраҳмон ва ҳизби ӯ чун ҷонибдор ва пуштибони режими Толибон дар Афғонистон шинохта мешавад. Зимни як суханрониаш имрӯз вай гуфт, ки “мо наметавонем афкори худро болои мардуми Афғонистон бор кунем. Агар онҳо барои Ислом мубориза баранд, мо онҳоро пуштибонӣ мекунем, агар онҳо зидди ИМА бошанд, мо дар канори онҳо ҳастем, вале интихоби онҳост, ки барои ин мубориза баранд”.
Фазлурраҳмон гуфт, ки дар Покистон ҷумбиши Толибон муттаҳид ва муташаккил нест.
XS
SM
MD
LG