Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон тақозои мулоқот бо муттаҳам ба тавтеаи куштори сафири Саъудияро пеш гузошт


Эрон талаб дорад, ки барои мулоқот бо марди муттаҳам ба таҳияи нақшаи куштори сафири Саъудия дар ИМА дастрасӣ пайдо кунад. Вазири хориҷаи Эрон сафири Швейсария, ки манофеи ИМА-ро дар ин кишвар намояндагӣ мекунад, фаро хонда тақозои дастрасӣ бо Мансур Арбобсиёрро пеш гузошт. Арбобсиёр, ки дорандаи шаҳрвандии Эрон ва ИМА аст, моҳи сентябр аз ҷониби мақомҳои амрикоӣ бо иттиҳоми таҳияи нақшаи куштори сафири Саъудия дар Амрико Одил Ал-Ҷубайр боздошт шуд. Аз ин пеш раҳбарии олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ таҳдид кард, ки ба ҳама гуна “тадбири номуносиби Ғарб” посухи шадидлаҳн хоҳад дод. Вай гуфт, ки Вашингтон ин тавтеаро ба хотири ба тарафи дигар ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба аз эътирозҳо дар Уолл Стрит роҳандозӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG