Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси як шӯро барои барканории Башшор Асад


Гурӯҳи мухолифони раиси ҷумҳури Сурия дар нишасте дар шаҳри Истанбул эълом карданд, ки ба сари сари ташкили ҷабҳаи воҳид барои барканории Башшор Асад ба тавофуқ расидаанд. Бурҳон Қалюн, сухангӯи мухолифон гуфт, ки ин шӯрои мустақил “намоёнгари набарди мардуми мустақили Сурия барои озодӣ аст” ва мухолифи ҳаргуна “мудохилаи хориҷӣ ба ҳокимияти миллии Сурия мебошад. Айни замон гузориш мешавад, ки нерӯҳои давлатии Сурия баъди панҷ рӯзи ҷангҳои шадид, дигарбора шаҳри Ростонро таҳти назорат даровардаанд. Ин шаҳрро, сарбозони фирорӣ аз артиш ва шӯришиёни Сурия тайи чанд ҳафтаи гузашта дар даст доштанд. Нерӯҳои давлатӣ рӯзи 27 сентябр бо ҳимояти тонку тӯп ва чархболҳо вориди Ростон шуда буданд.
XS
SM
MD
LG