Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавридҳои таъқиби журналистони тоҷик меафзояд


Файзинисо Воҳидова

Файзинисо Воҳидова

Дар Тоҷикистон мавридҳои таъқиби журналистон меафзояд. Вакили мудофеъи тоҷик Файзинисо Воҳидова дар Варшава, дар як нишасти САҲА дар мавзӯъи озодии баён ва матбуот гуфт, дар ин кишвар шумори афзояндаи журналистон дар пайи нашри мақолаҳои пурсарусадо худ ба курсии додгоҳ менишинанд, ки ин боиси саркӯбии озодии баён дар Тоҷикистон мешавад. Хонум Воҳидова, ки дар додгоҳ аз хабарнигори ББС Урунбой Усмонов ҳимоят мекунад, таҷрубаи ба додгоҳ кашонидани хабарнигорон аз сӯи ниҳодҳои давлатиро маҳдуд кардани ҳаққи журналистон номид.
Мудири дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон Наргис Зокирова низ дар Варшава гуфт, таҳдbди муҷозоти шадиди ҷиноӣ, бахусус таҳдиди ҳукми зиндон, монеъи идомаи иҷрои ҳаққи худ ба озодии баён мешавад. Ӯ хостори аз қонуни ҷиноӣ ҷудо кардани қазияҳои марбут ба туҳмату таҳқир шуд.Журналистони тоҷикро асосан бо чунин иттиҳом ба додгоҳ мекашанд.
XS
SM
MD
LG