Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Сабо” ва “Зарафшон”- пешсафони сабқати лигаи якум


Бозиҳои даври 20-уми сабқати лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Натоиҷи ин бозиҳо чунин аст: “Зарафшон» - «Вахши зарнисор» - 2:1, «Рашт» - «Пахтакор» - 1:2, «Саройкамар» - «Ҳулбук» - 4:1, «Данғара» - «Ҷавонон» - 3:0 (техникӣ), «Румӣ» - «Локомотив» - 2:0.

Инчунин бозии мавқуфмонда миёни дастаҳои “Ситора” ва “Ҳосилот” бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Сайидамир Мирзоев (“Ҳулбук”) бо 14 гол дар ҷои аввал аст. Абдуҳалим Боронов (“Румӣ”) бо 13 гол дар ҷои дуввум мебошад. Холмурод Назаров (“Данғара”) ва Амирбек Саидов (“Сабо”) 9-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Сабо» (Шаҳринав) 16 11 3 2 52-16 36
2. «Зарафшон» (Панҷакент) 16 11 3 2 36-18 36
3. «Пахтакор” (Қубодиён) 17 10 4 3 37-23 34
4. «Ҳулбук” (Восеъ) 16 9 5 2 42-17 32
5. “Румӣ” (Румӣ) 18 10 1 7 42-25 31
6. «Ҳосилот” (Фархор) 16 9 3 4 26-19 30
7. «Саройкамар» (Панҷ) 17 7 4 6 26-24 25
8. «Вахши зарнисор» (Вахш) 16 6 5 5 35-28 23
9. «Ситора» (Рӯдакӣ) 15 6 5 4 20-13 23
10. «Данғара» (Данғара) 17 4 5 8 21-23 17
11. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 15 3 3 9 14-30 12
12. “Ҷавонон” (Турсунзода) 17 2 3 12 12-53 9
13. “Локомотив” (Душанбе) 16 2 2 12 10-47 8
14. Рашт” (Рашт) 16 1 0 15 6-43 3
Даври 21-ум

29-уми сентябр (панҷшанбе)

«Ҳулбук» - «Данғара»
«Ситора» - «Ҷавонон»
«Румӣ» - «Рашт»
«Пахтакор» - «Зарафшон»
«Ҳосилот» - «Локомотив»

Оғози бозиҳо – соати 16:30

Эзоҳ: Ду бозӣ - «Сабо» - «Саройкамар», «Вахши зарнисор» - «Кӯктош» ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG