Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хабарнигорони ҳамкори BBC дар Эрон


Тибқи гузориши матбуоти давлатии Эрон, имрӯз панҷ хабарнигоре, ки барои телевизиони форсии BBC кор мекарданд, боздошт шуданд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки хабарнигорон рӯзи шанбе, ҳангоми наворгирии филми мустанад бидуни иҷозаи расмии бахши матбуоти вазорати фарҳанг боздошт шуданд. Вазир Муҳаммад Ҳусейнӣ боздошти хабарнигоронро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар ҷараёни рӯз хадамоти иктишоф тафсилоти бештар ироа хоҳад кард. Фаъолияти бахши форсии BBC дар дохили Эрон манъ, вале барномаҳои он тавассути моҳвора қобили дарёфт аст. Ҳукумат ин шабакаро дар пахши гузоришҳои харобкунандаи обурӯи Эрон ва ҳам ташвиқи тамошобини ин кишвар ба эътирозҳо айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG