Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти се қирғиз дар пойтахти Тоҷикистон


Мадад Содирқулов

Мақомоти Тоҷикистон 3 шаҳрванди Қирғизистонро, ки таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доштанд, боздошт кардаанд. Ин афрод ба даст доштан дар қатли Мадад Содирқулов, раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қурмонбек Боқиев дар моҳи марти соли 2009 айбдор мешаванд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афродро дар натиҷаи як амалиёти муштарак дар ҳудуди ноҳияи Синои Душанбе дастгир карданд. Ҷасади сӯхтаи Мадад Содирқулов ва ду тан аз ёрони ӯро дувуним сол пеш аз дохили мошини оташзадае дар роҳи Алма-Ато - Бишкек пайдо карданд. Дар он вақт марги ин мансабдорро натиҷаи тасодум мегуфтанд, вале ахиран пулиси Қирғизистон эълон кард, ки Содирқуловро кушта буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG