Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 16-уми сентябр, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, барои ширкат дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё озими кишвари Тайван шуд.

Мусобиқот аз 19-ум то 25-уми сентябр дар шаҳри Гаосюни Тайван дар ду гурӯҳ баргузор мешавад. “Истиқлол» дар гурӯҳи “А” бо тимҳои «Тайван Пауэр»-и Тайван (19-уми сентябр) ва «Балкан»-и Туркманистон (21-уми сентябр) бозӣ мекунад.

Ба гурӯҳи “В” дастаҳои “Нефтчӣ»-и Қирғизистон, «Яданарбон»-и Мянмар, барандаи Ҷоми АФК дар соли 2010-ум, ва «Пномпен Краун»-и Камбоҷа дохиланд.

Ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ, ки 25-уми сентябр баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Барандаи Ҷоми раиси АФК ба маблағи 50 ҳазор доллар мукофотонида хоҳад шуд. Ба дастае, ки дар бозии ниҳоӣ шикаст мехӯрад, 25 ҳазор доллар супурда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор (солҳои 2005, 2008, 2009) ғолиби ин мусобиқот шудааст. Тими “Истиқлол” бошад, барои бори аввал дар Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё ширкат меварзад.

Ба ҳайати “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Олимҷон Рафиков 18 футболбоз (2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар) дохиланд:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Фарҳод Юлдошев;
Ҳимоятгарон: Руслан Рафиков, Соҳиб Сувонқулов, Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Умед Ҳабибуллоев, Акмал Сабуров, Одил Эргашев;
Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Иброҳим Рабимов, Маҳмадалӣ Содиқов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фирӯз Бобиев, Дилшод Восиев;
Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров, Юсуф Рабиев.

Тақвими Ҷоми раиси АФК-2011
Гурӯҳи «А»:
«Тайван Пауэр» (Тайван)
«Балкан» (Туркманистон)
“Истиқлол” (Тоҷикистон)

Гурӯҳи «В»:
«Нефтчӣ» (Қирғизистон)
«Яданарбон» (Мянмар)
«Пномпен Краун» (Камбоҷа)

Даври 1-ум
19-уми сентябр (душанбе)
13.00 - «Пномпен Краун» (Камбоҷа) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
16.00 - “Истиқлол” (Тоҷикистон) – «Тайван Пауэр» (Тайван)

Даври 2-юм
21-уми сентябр (чоршанбе)
13.00 - «Балкан» (Туркманистон) – “Истиқлол” (Тоҷикистон)
16.00 - «Яданарбон» (Мянмар) – «Пномпен Краун» (Камбоҷа)

Даври 3-юм
23-юми сентябр (ҷумъа)
13.00 – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Яданарбон» (Мянмар)
16.00 – «Тайван Пауэр» (Тайван) – «Балкан» (Туркманистон)

Финал
25-уми сентябр (якшанбе)
16.00 – Ғолиби гурӯҳи «В» – ғолиби гурӯҳи «А»

Эзоҳ: Оғози бозиҳо ба вақти Душанбе мебошад.


Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми раиси AFC:

2005 (Катманду, Непал). «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон) - 3:0

2006 (Кучинг, Малайзия). «Дордой-Динамо» – «Вахш» (Тоҷикистон) - 2:1, дар замони изофӣ

2007 (Лоҳур, Покистон). «Дордой-Динамо» – «Непал Полис Клаб» (Непал) - 2:1

2008 (Бишкек, Қирғизистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» - 1:1, аз рӯи пеналти - 4:3

2009 (Турсунзода, Тоҷикистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» - 2:0

2010 (Янгон, Мянмар). «Яданарбон» (Мянмар) – «Дордой» - 1:0, дар замони изофӣ

2011 (Тайван).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG