Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии мусаллаҳона дар марзи Эрон ва Афғонистон


Мақомоти ағфон мегӯянд, нерӯҳои амниятии Эрон ба қаламрави Афғонистон ворид шуда ва ба сӯи марзбонони афғон тирандозӣ кардаанд. Раиси полиси вилояти Нимрӯзи Афғонистон, Абдулҷаббор Пурдил ба Радиои Афғонистон Озод гуфт, дар натиҷа байни нерӯҳои Афғонистон ва Эрон задухӯрде ба вуқӯъ пайваст, ки зиёда аз ним соат идома кард. Вай афзудааст, касе дар натиҷаи ин даргирӣ осеб надидааст. Дар гузашта низ дар ин минтақа даргириҳое ба вуқӯъ пайвастааст, ки гуфта мешавад, ба қочоқбарони маводи мухаддир рабт гирифтааст.
XS
SM
MD
LG