Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти Расул Боқиев дар сабқати ҷаҳонии дзюдо


Расул Боқиев дар яке аз мусобиқоти гуштии дзюдо (Акс аз бойгонӣ аст)
Расул Боқиев дар яке аз мусобиқоти гуштии дзюдо (Акс аз бойгонӣ аст)

Дар Порис мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо бо ширкати ҳудуди 1000 гуштигир ҷараён дорад.

Дар пойтахти Фаронса – Париж мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо миёни мардону занон бо ширкати ҳудуди 1000 гуштигир аз 136 кишвар ҷараён дорад.

Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон 6 нафар - Ҷамшед Халилов (60 кг), Расул Боқиев (73 кг), Фарҳод Раҳимов, Шералӣ Бозоров (81 кг), Парвиз Собиров (90 кг) ва Муҳаммад Абдураҳмонов (100 кг) дохиланд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот Ҷамшед Халилов (дар вазни 60 кг) дар нахустин қувваозмоияш аз гуштигири Гурҷистон Амиран Папинашвили шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар ин вазн инҳо соҳиби медалҳо шуданд:

1. СОБИРОВ Ришод (Узбакистон)
2. ХИРАОКА Хироаки (Ҷопон)
3. МУШКИЕВ Илгар (Озарбойҷон)
3. ЗАНТАРАЙЯ Георгий (Укроин)


Рӯзи 24-уми август, гуштигирони вазнашон то 73 кг рақобат карданд. Дар ин вазн аз ҳама бештар – 75 нафар қувва озмуданд, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, аз ҷумлаи онҳо буд.

Вале ӯ дар даври аввал аз Андреа Регисуи итолиёвӣ мағлуб гашт. Рақибаш усулеро ба кор буд, ки “ваза-ари” баҳогузорӣ шуд.

Дар вазни то 73 кг инҳо баранда шуданд:

1. НАКАЙЯ Рики (Ҷопон)
2. ЭЛМОНТ Декс (Нидерланд)
3. ҶӮРАҚОБИЛОВ Наврӯз (Узбакистон)
3. ЛЕГРАНД Уго (Фаронса)


Имрӯз, 25-уми август, ду варзишгари тоҷик дар вазни то 81 кило қувваозмоӣ хоҳанд кард. Шералӣ Бозоров бо Эммануел Лукнетии аргентинӣ ва Фарҳод Раҳимов бо Робен Пакер (Шветсия) вориди рақобат мешаванд.

Рӯзи 26-уми август Парвиз Собиров дар вазни то 90 кило бо Патрик Кподар (Того) қувва мезмояд.

Дар рӯзи охирини мусобиқот, 27-уми август, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо Милан Дисовис (Сербия) рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG