Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Регар-ТадАЗ” дар сабқати Лигаи олӣ пешсаф шуд


Рӯзи 10-уми август се бозии даври 24-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Натоиҷи ин бозиҳо чунин аст: “Хайр” (Ваҳдат) - “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 3:1 (2:0) (Пирмурод Бурҳонов – 2 гол, Парвиз Турсунов – Муҳаммад Умматқулов), “Шодмон” (Ҳисор) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 0:3 (0:1) (Сӯҳроб Эгамбердиев, Ҳасан Рустамов, Нӯъмон Ҳакимов), ССКА “Помир” (Душанбе) - “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) – 3:0 (2:0) (Далер Раҷабов, Комил Саидов, Илҳом Ортиқов) .

Бозии даври 24-уми мусобиқот миёни дастаҳои “Равшан” (Кӯлоб) - “Гвардия” (Душанбе) 11-уми август дар варзишгоҳи “Барқ”-и шаҳри Норак баргузор мешавад. Вале бозӣ миёни ду дастаи шаҳри Душанбе - “Истиқлол” ва “Энергетик” ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол “Регар-ТадАЗ” бо 48 имтиёз дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот қарор дорад. “Равшан”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 47 имтиёз дар ҷойи дуввум аст. Тими “Истиқлол”, ки се бозӣ камтар анҷом додааст, бо 46 имтиёз дар ҷойи саввум мебошад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов ("Равшан") бо 12-голӣ пешсафанд. Фарҳод Тоҳиров ("Истиқлол"), Мансур Ҳакимов ("Парвоз") ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”, “Регар-ТадАЗ”) 11-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1. "Регар-ТадАЗ" 21 15 3 3 48-17 48
2. авшан" 20 15 2 3 38-14 47
3. Истиқлол” 18 15 1 2 44-11 46
4. "Хайр" 22 12 3 7 37-22 39
5. "Энергетик" 21 9 2 10 30-36 29
6. ССКА “Помир” 21 9 1 11 35-39 28
7. "Хуҷанд" 20 7 4 9 26-31 25
8. "Парвоз" 21 6 3 12 22-42 21
9. “Вахш” 20 6 1 13 20-28 19
10. “Шодмон” 21 4 2 15 22-48 14
11. вардия" 19 2 2 15 14-48 8

Даври 25-ум

13-уми август (шанбе)
«Вахш» - «Гвардия»
«Хайр» - «Парвоз»
ССКА «Помир» - «Хуҷанд»
«Шодмон» - «Энергетик»
Инчунин бозии мавқуфмондаи даври 15-ум миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” 13-уми август дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.

Оғози бозиҳо - соати 17.

Эзоҳ: Бозии “Истиқлол” - “Регар-ТадАЗ” (даври 25-ум) ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG