Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби гузашта дар Сурия шаш нафар кушта шудаанд


Фаъолони ҳуқуқи башар ва шоҳидони айнӣ дар Сурия мегӯянд, нируҳои амниятии ин кишвар дар манотиқи мухталиф шаби гузашта дастикам 6 нафарро ҳадафи тир қарор додаанд. Кушторҳои ахир дуруст замоне сурат гирифтааст, ки робитаи телефонӣ бо шаҳри Ҳамо қатъ шудааст. Аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ дар ин шаҳр амалиёти низомӣ идома дорад. Дар ин шаҳр аз оғози амалиёт то ҳол тақрибан 100 нафар ба қатл расидаанд. Рӯзи чаҳоршанбе Шӯрои Амният режими Башор Асадро муттаҳам кард, ки даст ба нақзи густардаи ҳуқуқи башар задааст.
XS
SM
MD
LG