Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди хатти нави интиқоли барқи тоҷик ба Афғонистон


Ноиби аввали вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон хабар дод, ки интиқоли нерӯи барқ аз тариқи хатти нави баландшиддат миёни Сангтӯда ва Пули Хумрӣ дар моҳи август шурӯъ мешавад. Пӯлод Муҳиддинов ҳамчунин гуфт, сохтмони хатти 220-киловаттаи интиқоли барқ миёни ду кишвар ба иллати нооромиҳо дар шимоли Афғонистон ба таъвиқ афтод. Тоҷикистон умедвор аст, бо такия ба нархи барқ дар бозори Афғонистон ҷойгоҳи муносиба пайдо кунад. Барои ин қимати 1 киловатт-соат барқро сеюним сенти амрикоӣ муайян кардааст, дар ҳоле ки барқи Узбакистон барои Афғонистон 7 то 7,5 сент аст. Мақомоти Душанбе мегӯянд, танҳо барқи изофаро дар мавсими муайян ба Афғонистон хоҳанд фурӯхт.
XS
SM
MD
LG