Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ребека Брукс боздошт шуд


Ребека Брукс
Ребека Брукс
Полиси Лондон дар бораи боздошти сардабири собиқи нашрияи
News of the World Ребека Брукс хабар дод.

Хонум Брукс даҳумин фардест, ки дар чаҳорчӯби тафтиши парвандаи ғайриқонунӣ гӯш ва сабт кардани гуфтугӯҳои телефонии тақрибан 4 ҳазор шаҳрвандони Амрикову Бритониё, аз ҷумла, пайвандони қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба Амрико ва наздикони сарбозони дар Афғонистону Ироқ ҷонбохта боздошт мешавад.

Имрӯз рӯзномаҳои Бритониё узрхоҳии такрории Руперт Мёрдок, соҳиби яке аз бузургтарин дар ҷаҳон империяҳои расонаиро барои аъмоли ғайриқонунии зердастонаш нашр карданд.

Дирӯз матни маъзарати аввали ӯ дар расонаҳои бритониёвии Daily Mail, Daily Telegraph, Guardian, Independent, Financial Times, Sun и Times нашр шуда буд.

Қарор аст, ки рӯзи сешанбе Мёрдок, писараш Ҷеймс ва Ребека Брукс дар наздик комиссиюни махсуси парлумонӣ баёнот диҳанд.
XS
SM
MD
LG