Пайвандҳои дастрасӣ

Мизони фасод дар Тоҷикистон 3 маротиба афзудааст


Сӯҳроб Шарипов

Сӯҳроб Шарипов

Бар асоси як таҳқиқот, мизони фасод ва ришвадиҳӣ дар Тоҷикистон дар 5 соли охир 3 маротиба боло рафтааст. Ин пажӯҳишро Маркази таҳқиқоти стротегии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, Сӯҳроб Шарифов, раҳбари ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, агар як нафари миёна дар Тоҷикистон дар соли 2006 барои ришва аз 480 то 620 сомонӣ масраф мекард, акнун ин рақам ба 1800 сомонӣ расидааст. Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ дар шумули фасодзадатарин кишварҳои дунё ном бурда мешавад.Созмони Transparency International соли гузашта Тоҷикистонро аз нигоҳи фасод дар байни 178 кишвар дар мақоми 154-ум гузошта буд.
XS
SM
MD
LG