Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври 14-уми Лигаи олии Тоҷикистон


Бегоҳи душанбеи 6-уми июн се бозии даври 14-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими меҳмон - «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ ба даст овард. Голҳои “Истиқлол”-ро Юсуф Рабиев (дақиқаи 53-юм), Фарҳод Тоҳиров (85) ва Иброҳим Рабимов (90+4) ва як голи “Хайр”-ро Парвиз Турсунов (64) ба самар расонданд.

Бозии «Энергетик»-и Душанбе - «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи “Барқ”-и шаҳри Норак баргузор шуд. Тақдири бозиро голи дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи “Энергетик” задаи Ҳикмат Расулов ба нафъи “Равшан” ҳал кард.

Дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар майдони худ аз ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи меҳмононро Комил Саидов дар нимаи дуввуми бозӣ ба самар расонд.

Бозии “Регар -ТадАЗ"-и Турсунзода - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба иллати ширкати дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми 10-солагии ШОС” (Созмони ҳамкориҳои Шанхай), ки аз 7-ум то 13-уми июн дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона баргузор мешавад, мавқуф гузошта шуд. Ҳамчунин бозии “Регар-ТадАЗ” бо “Равшан”-и Кӯлоб низ аз 9-уми июн ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Бояд гуфт, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар 4 футболбоз аз тими “Регар-ТадАЗ” даъват шудаанд. Инчунин сармураббии “Регар-ТадАЗ” Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сарвари тими мунтахаби ҷавонон ва ёвараш Наҷмиддин Толибов мебошанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Остона-Арена” дар гурӯҳи “А” 7-уми июн бо тими Қазоқистон-1 ва 9-уми июн бо мунтахаби Қирғизистон бозӣ хоҳад кард. Ба гурӯҳи “В” тимҳои мунтахаби ҷавонони Русия, Чин ва Қазоқистон-2 дохиланд.

Бозии охирини даври 14-уми сабқати Лигаи олӣ миёни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров – «Гвардия»-и Душанбе, ки 7-уми июн баргузор шуд, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи "Парвоз" поён ёфт. Мансур Ҳакимов ду гол(дақиқаҳои 50-ум ва 72-юм) ва Алишер Қосимов(83) як гол заданд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Равшан» бо 29 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Тими «Истиқлол», ки се бозӣ камтар кардааст, бо 28 имтиёз дар ҷои дуввум аст. Дастаи «Регар-ТадАЗ» бо 25 имтиёз дар ҷои саввум қарор дорад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Фозил Сатторов(“Равшан”) ва Юсуф Рабиев(“Истиқлол”) бо ҳаштголӣ пешсафанд. Габриэл Донто (“Энергетик”) 7 гол, Аҳтам Ҳамроқулов("Вахш"), Комил Саидов (ССКА“Помир”) ва Мансур Ҳакимов("Парвоз") 6-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1. "Равшан" 13 9 2 2 24-8 29
2. "Истиқлол" 10 9 1 0 27-6 28
3. "Регар-ТадАЗ" 12 8 1 3 25-12 25
4. "Хайр" 12 6 2 4 18-13 20
5. "Энергетик" 13 6 1 6 19-20 19
6. ССКА “Помир” 13 5 1 7 19-21 16
7. "Хуҷанд" 12 4 3 5 11-17 15
8. “Шодмон” 12 4 1 7 17-20 13
9. "Вахш" 12 4 0 8 12-15 12
10. "Парвоз" 13 4 0 9 14-32 12
11. "Гвардия" 12 1 2 9 10-29 5

Даври 15-ум
9 июн (панҷшанбе)

«Шодмон» - «Хайр»
«Энергетик» - «Вахш»

10 июн (ҷумъа)
«Истиқлол» - ССКА «Помир»
«Хуҷанд» - «Гвардия»

Оғози бозиҳо – соати 17.30
XS
SM
MD
LG