Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи даъват ба артиш 95 фоиз иҷро шудааст


Нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон алакай 95 дарсад иҷро шудааст. Мавсими даъвати баҳорӣ ба артиш 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май, яъне то як ҳафтаи дигар идома мекунад.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфтааст, ин нақша дар Душанбе ва вилояти Хатлон алакай 100 дарсад иҷро шуда, вилоёти дигар низ аз марзи 90 дарсад убур кардаанд. Ҳарсол дар мавсимҳои баҳориву тирамоҳии даъват ба артиш 15-16 000 ҷавони аз 18 то 27-сола ба артиш истихдом мешаванд. Ҷамъи ҷавонони синни хидматӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 000 нафар баровард мешавад, вале 150 000 нафари онҳо ба далели донишҷӯӣ ё маълулӣ аз хидмат маоф буда, як бахши бузург муҳоҷирати корӣ дар хориҷро бар хидмати низомӣ тарҷеҳ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG