Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз имрӯз истифодаи барқ дар Душанбе низ маҳдуд шуд


Ширкати «Барқи Тоҷик» ба аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, ки ба сабаби носозгориҳои табиат имкони пурра бо барқ таъмин кардани аҳолии Тоҷикистонро надорад. Нозирҷон Ёдгорӣ-сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик” ба радиои Озодӣ гуфт:

“Душанбе имрӯз ба реҷаи махсуси интиқоли барқ гузашт. Ҳаҷми об дар дарёи Вахш кам шуда истодааст аз сабаби ғайричашмдошт ва ногаҳонӣ дар ибтидои моҳи март хунук шудани ҳаво ва кам шудани маҷрои дарёи Вахш”.

Дар ҳамин рўзҳо оби рӯдхонаи Вахш аз ҳамин давраи соли гузашта дувуним баробар ва аз ҳисоби миёнаи бисёрсола ду баробар камтар аст. Пешгўӣ мешуд, ки дар охири моҳи феврал ва ибтидои март бо фаро расидани гармо сатҳи оби ин рӯдхона боло меравад. Вале ба андозаи кофӣ гарм нашуд.
XS
SM
MD
LG