Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё се сарбозашро дар Афғонистон талаф дод


Бритониё се сарбози дигари худро дар Афғонистон талаф дод. Вазорати дифоъи Бритониё гуфт, рӯзи душанбе як сарбоз аз воҳиди чатрбозон бар асари инфиҷори бомби худсохте дар вилояти Ҳилманд ҳалок шуд ва пештар аз ин бар асари оташсӯзӣ дар пойгоҳи низомии Бритониё дар ҳамин вилоят ду сарбози дигар ҷон доданд. Аз замони шурӯъи амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон дар соли 2001, Бритониё дар ин кишвар 357 сарбози худро талаф додааст.
XS
SM
MD
LG