Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси комиссиюни вижа дар Миср


Дар Миср комиссиюне таъсис шуд, ки қавонини барои интиқоли осоиштаи қудрат зарурро таҳия хоҳад кард. Дар ин бора имрӯз муовини раисиҷумҳур Умар Сулаймон хабар дод. Ӯ афзуд, ки мақомот ширкаткунандагони намоишҳои эътирозиро таъқиб нахоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол имрӯз созмондиҳандагони эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Миср аз шаҳрвандон даъват карданд, ки рӯзи ҷумъа дубора дар хиёбонҳо ҷамъ омада, истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборакро талаб намоянд. Дар майдони Таҳрири Қоҳира ҳанӯз ҳам садҳо эътирозгарон боқӣ мондаанд. Намоишҳои эътирозӣ дар Миср ду ҳафта боз идома доранд. Дар ин давра, ба иттилоъи созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман райтс вотч тақрибан 300 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ҳуснӣ Муборак эълом дошт, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи сентябр ширкат нахоҳад кард ва аммо мухолифин хостори истеъфои фаврии ӯянд.
XS
SM
MD
LG