Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиш вориди майдон шуд, то ҷонибҳоро аз ҳам ҷудо кунад


Даҳҳо нафар сарбозони артиши Миср вориди майдони Таҳрири Қоҳира шудаанд, то тазоҳуркунандагон ва ҷонибдорони Ҳуснӣ Муборакро баъд за задухӯрдҳо аз ҳам ҷудо кунанд. Дар ин задухӯрдҳо чанд нафар кушта шудаанд. Мухолифон ҷонибдорони раиси ҷумҳурро дар ин тирандзиҳо муттаҳам кардаанд. Маҳофили байналмиллалӣ ҷонибҳои задухӯрдро ба хештандорӣ даъват кардаанд. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт:

" Виснер-сафири Амрико бо Ҳуснӣ Муборак ва бо генерал Сулаймон мулоқот дошт. Ман метавонам ба шумо бигӯям, ки Клинтон-вазири корҳои хориҷӣ низ бо Сулаймон-муовини раиси ҷумҳур гуфтугӯ кард. Клинтон тирандозиҳои имрӯзро маҳкум намуд ва аз ҳукумат хост ононеро, ки даст ба ин кор задаанд, ба муҷозот кашанд".


Аҳмад Шафиқ-нахуствазири Миср барои ин задухӯрдҳо узр хост ва раҳбарони мухолифонро ба музокира даъват кард.
XS
SM
MD
LG