Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин тағйироти кадрии ҳукумат дар соли 2011


Тағйироти кадрӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бо барканории чанд раиси шаҳр ва навоҳии кишвар шурӯъ шуд. Бар асоси фармони ахири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин афроди нисбатан наве ноиби расиони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе таъин шуданд.

Барканорӣ ва таъин ё табодул ва ҷойивазкунии мансабдорони давлаии Тоҷикистон дар оғози ҳар сол ба ҳукми анъана даромадааст ва имсол низ аҳолии кишвар, коршиносон, расонаҳои ҳамагонӣ ва худи соҳибмансабон интизори тасмимҳои нави раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буданд. Интизор мерафт, тағйирот дар ҳайати идора ва муассисаҳои давлатӣ дар нимаҳои моҳи январ ба вуқӯъ пайвандад.

Таъсири рӯйдодҳои Рашт?

Бархе аз коршиносон аз тағйироти кадрии имсола дар ҳукумат интизориҳои зиёд надоранд, вале бархе дигар мегӯянд, бар асари рӯйдодҳои водии Рашт мумкин аст, дар раҳбарии ниҳодҳои қудратӣ дигаргуниҳое ба амал ояд.

Дар ҳоли ҳозир танҳо раиси ноҳияи Рашт, Маҳмадҷон Давлатов аз вазифа барканор шудааст, ки бархе аз коршиносон гуфтаанд, вай ба тозагӣ таъин шуда ва вазифаи худро ба дараҷаи зарурӣ иҷро мекард. Коршиноси маркази таҳлилии "Диалог" Ҳикматулло Сайфуллоҳзода мегӯяд, агар барканории Давлатов ба рӯйдодҳои Рашт бастагӣ дошта бошад, дуруст ва босазо нест.

Дар фармонҳои барканорӣ ва таъини афрод дар бораи сабабҳои ин таҳаввулот ба нудрат чизе гуфта мешавад, аз ҷумла ибораҳое мисли "бо сабаби гузаштан ба вазифаи дигар."

Тағйироти куллӣ ё боз ҷойивакунӣ?

Дар ҳоле ки ҳар сол таъини раҳбарони шаҳру ноҳияҳо бахши охири тағйироти кадрии ҳукуматро ташкил медод, имсол раванд маҳз аз онҳо оғоз гирифт. Агар ҳар сол мансабдорони давлатӣ аз як мақом ба мақоми дигар интиқол дода мешуданд, имсол дар ин миён аз афроди тозае, ки ба мақоми ноиби раиси вилоятҳо таъин шуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҷиноҳи ҲХДТ дар парлумон, Ҷумъабой Сангинов нисбатан чеҳраи шинохташуда дар ҷомеаи кишвар аст, ки ба мақоми тоза даст ёфтааст. Оқои Сангинов, ки дар ду навбати ахир аз сӯи ҲХДТ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буд ҳамакнун курсии ҷонишини аввали раиси вилояти Суғдро ишғол карда, Холмурод Раҳмонов муовини раиси вилояти Хатлон, Абдуҷаббор Баҳодуров муовини раиси вилояти Хатлон ва Насрулло Хайруллоев муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин шуданд.

Тағйироти бештар дар пеш аст...

Аммо бар пояи иттиллои манобеи наздик ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ, тағйироти кадрӣ дар сатҳҳои болоии ҳукумат дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат барои соли 2010, ки интизор меравад дар нимаи дуввуми моҳи равон баргузор шавад, сурат хоҳад гирифт.

Бархе аз таҳлилгарон ва коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба иттифоқот ва таҳаввулоти анҷомшуда дар соли гузашта ҳадс мезананд, ки дар ин навбат ислоҳоти кадрӣ дар зинаҳои болоии ҳукумат аз солҳои пешин тафовут хоҳад дошт. Ба бовари ин коршиносон, ин тағйирот дар сохторҳои интизомиву низомӣ бештар дахл хоҳад дошт.

Саймиддин Дӯстов-таҳлилгари тоҷик аз созмони иҷтимоии «Индем» бар ин назар аст, ки масъулини ин ниҳодҳо дар анҷоми масъулияти касбии худ ба камбуд ва иштибоҳҳо роҳ доданд ва ба ин далел эҳтимол дорад раиси ҷумҳур дар ин бахш аз ҳукумати худ тағйирот ворид кунад:



Ҷавонони дур аз мақомҳои муҳим

Вале бархе дигар аз коршиносон бо ишора ба тағйироти кадрии рухдода дар мақомоти ҳокимият дар сатҳи навоҳӣ ва шаҳрҳо мегӯянд, дар ин навбат низ гумон аст, ки нафарони нав ва бахусус ҷавонҳо ба мақомҳои муҳим ҷалб шаванд. Ва ба эҳтимоли зиёд боз ҳам ин ва ё он нафар, ки тӯли чанд сол дар курсӣ нишаста буд, шояд дар курсии дигар бишинад.

Исмоил Раҳматов-коршинос ва устоди донишгоҳи славянии шаҳри Душанбе бо такя ба мушоҳидаҳои шахсиаш дар чанд соли ахир мегӯяд, сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон тавре роҳандозии шудааст, ки афроди ҷавон бисёр ба сахтӣ метавонанд соҳиби вазифа шаванд.



Ин ҳам дар ҳолест, ки ба эътиқоди бархе аз коршиносон, тағйироти кадрии имсола ҳамроҳ бо тағйироти сохторӣ сурат хоҳад гирифт. Ва эҳтимол меравад, ки дар миёни ин дигаргуниҳо, як мақоми тозаи ноиби сарвазир ташкил ва он ба намояндаи водии Рашт вогузор шавад. Вале ба сурати умум мегӯянд ин коршиносон, кадрҳое ба ин ва ё он вазифа таъйин хоҳанд шуд, ки дар садоқати онҳо ба кордиҳанда шубҳа ҷой надошта бошад.

Дигаргуниҳо асосан дар мақомоти аввали шаҳру навоҳии кишвар сурат гирифта, то ҳол ба нафарони калидӣ дар ҳукумат таъсир нагузоштаст.

Афроди зерин ба ин вазифаҳо таъин гардиданд:

Иброимбек Ғозибеков
- иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон;

Мурзабай Ҷошбаев - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон;

Иброҳим Абдуллоев – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд;

Абдуҷамил Сатторов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд;

Матлубахон Сатторова - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Табошари вилояти Суғд;

Зуфар Исмоилов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ғончии вилояти Суғд;

Ҷумъахон Сафаров - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон;

Валӣ Ашуров - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон;

Абдуҷон Тавакалов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон;

Қарахон Чиллаев - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон;

Аламхон Қурбонов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;

Саиднуридин Алиев - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;

Саидумрон Абдураҳмонов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт.

Ба навиштаи сомонаи расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамчунин дар мувофиқат бо президент, шахсони зерин мақомҳои дуюм дар ҳукумати вилоят ва шаҳру навоҳиро соҳиб шуданд.

Ҷумъабой Сангинов
- Муовини якуми раиси вилояти Суғд;

Холмурод Раҳмонов - муовини раиси вилояти Хатлон;

Абдуҷаббор Баҳодуров - муовини раиси вилояти Хатлон;

Насрулло Хайруллоев - Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе;

Тошалӣ Муқимов
- Муовини аввали раиси ноҳияи Рашт.

Нимаи дуюми рўзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон мақомоти тозатаъинро барои сўҳбат ба ҳузур пазируфта, дар бораи фаъолиятҳои ояндаашон ба онҳо маслиҳат ва супоришҳо додааст. Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон дар авоили ҳар сол таҳаввулоти ғайриинтизор нест ва маъмулан ба зинаҳои поёнии ҳукумат дахл мекунад.
XS
SM
MD
LG