Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти яке аз ҳамроҳони дигари Тимошенко


Додситони кулли Украина, алайҳи яке аз ҳамроҳони дигари Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, Евген Корничюк, муовини вазири адлияро ба сӯистифода аз мақом муттаҳам ва боздошт кардаанд. Аммо Васил Онопенко, муовини раиси порлумони Украина боздошти Евген Корничюкро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва гуфтааст, ин парванда ҳамлаи дигаре ба Юлия Тимошенко, раҳбари мухолифини давлат ва аъзои ҳизби ӯ аст. Худи Юлия Тимошенкоро, ки аз соли 2007 то соли 2010 нахуствазир буд, ҳамин ҳафта ба сӯистифода аз мақом муттаҳам карданд.
XS
SM
MD
LG