Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Рӯзи Ҷаҳонии Муҳоҷират аст


Имрӯз, 18-ӯми декабр Рӯзи Ҷаҳонии Муҳоҷират аст. Ба ин муносибат дар қисматҳои мухталифи сайёра конфронсҳои илмиву омӯзишӣ баргузор карданд. Имсол чунин нишастҳо дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ баргузор шуд. 20 сол пеш Маҷмаи Умумии СММ бо қатъномае 18-ӯми декабрро Рӯзи Ҷаҳонии Муҳоҷират эълон кард. Ҳоло дар саросари ҷаҳон беш аз 215 миллион нафар муҳоҷир ба сар мебарад. Онҳо муназзам ба хонводаҳояшон пул мефирсистанд ва таъминкунандагони аслии рӯзгор ба шумор мераванд. Бино ба ҳисоби тақрибии Бонки Ҷаҳонӣ, интизор меравад, ки то поёни соли ҷорӣ дар саросари ҷаҳон маблағи фиристодаи муҳоҷирони корӣ ба хонаводаҳояшон ба 325 миллиард доллар бирасад. Ҳоло аз Тоҷикистон беш аз як миллион нафар муҳоҷирон дар берун аз ватан ва аслан дар Русия қарор доранд. Тахмин зада мешавад, ки маблағҳои ирсолии онҳо то поёни ҳамин сол аз 2 миллиард доллар бигзарад. То моҳи сентябр онҳо ба Тоҷикистон тақрибан 1 милларду 800 миллион доллар фиристода буданд.
XS
SM
MD
LG