Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҳафт нафар дар таркише дар Ромадӣ


Бар асари таркиши маргталабона дар Ироқ дасти кам ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд. Маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори бинои ҳукумати маҳаллии шаҳри Ромадӣ, маркази вилояти Анбор, воқеъ дар 115 километрии ғарби Бағдод, инфиҷор кард.
Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, бештари қурбониёни ин ҳодиса – кормандони полисанд. Хабар дода мешавад, ки дар натиҷаи таркиш нӯҳ нафар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG